Пайвандҳои дастрасӣ

Интиқоли сӯхти истифодашудаи ураниуми Сербистон ба Русия


Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ эълом кард, ки дар як амалиёти махфӣ, чандин тонна партоби заҳрогини уранро аз як реактори азкормондаи Сербистон ба Русия интиқол додаанд. Оҷонси мазкур гуфт, 2,5 тонна сӯхти истифодашудаи ураниуми реактори Винсаи Сербистонро рӯзи чаҳоршанбе барои нигаҳдорӣ ба як таъсисоти амни Русия интиқол додаанд, аз ҷумла 13 кило ураниуми ғализро, ки барои тавлиди бомби атомӣ лозим аст. Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ гуфт, барои интиқоли партоби ураниум ба таъсисоти коркарди дубора дар Русия бештар аз як моҳ сарф шудааст.
XS
SM
MD
LG