Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сенати Амрико паймони СТАРТ-ро тасвиб кард


Сенати Амрико як паймони муҳими коҳиши силоҳҳои атомӣ бо Русияро тасвиб кард. Паймони коҳиши силоҳҳои стротегӣ бо 71 раъйи мувофиқ ва 26 раъйи мухолифи вакилони сенат тасвиб шуд. Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико ва ноиби ӯ Ҷо Байден ва фармондеҳони олирутбаи Амрико бо ташвиқи зиёд тавонистанд, гурӯҳе аз вакилони Ҳизби ҷумҳурихоҳро мойил ба тасвиби паймон кунанд. Барак Обама аз тасвиби ин санад ибрози хушҳолӣ карда гуфт, ин паймон бо ироаи “паёми қавӣ” ба ҷаҳон Амрикоро амнтар мекунад: "Ин муҳимтарин паймони назорат бар силоҳҳои атомӣ дар тӯли ду даҳсола аст ва он моро амнтар ва ҷангафзорҳои ҳастаии мо ва ҳамчунин Русияро камтар мекунад. Бо ин паймон нозирони мо метавонанд ба пойгоҳҳои ҳастаии Русия баргарданд, то мо битавонем, пойбандии Русия ба ин паймонро таҳқиқ ва ба он бовар кунем." Сергей Лавров, вазири умури хрориҷаи Русия аз тасвиби Паймони коҳиши силоҳҳои стротежӣ истиқбол кард, вале гуфт, Маскав қабл аз тасвиби он бояд асноди Амрикоро биёмӯзад. Бар асоси ин паймон, ки Барак Обама ва Дмитрий Медведев моҳи апрел имзо карданд, ҳарду кишвар бояд то ҳафт соли дигар теъдоди мушакҳои атомии стротегии худро 30 дар сад коҳиш диҳанд ва на бештар аз 1550 мушакӣ дошта бошанд.
XS
SM
MD
LG