Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Иттиҳомоти ҷиддӣ алайҳи пешвоёни мухолифини Белорус


Як созмони ҳомии ҳуқуқ дар Ҷумҳурии Белорус гуфт, эҳтимоли ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум кардани ҳафт номзади ба мақоми раиси ҷумҳур вуҷуд дорад, ки онҳоро ба барангехтани нооромиҳои баъди интихоботӣ муттаҳам мекунанд. Ба думболи интихоботи раёсати ҷумҳур, ки дар он Александр Лукашенко пирӯз шуд, ҳазорон нафар дар шаҳри Минск тазоҳурот карда ва ба бархӯрди хашини маъмурони пулис рӯ ба рӯ шуданд. Созмони “Весна” мегӯяд, Кумитаи амнияти миллии Белорус 20 нафар аз раҳбарони мухолифини давлат, аз ҷумла ҳафт номзад ба мақоми раиси ҷумҳурро ба барангехтани нооромиҳои оммавӣ муттаҳам кардааст. Ин ҳафт нафар аз ҷумлаи 600 нафаре ҳастанд, ки баъди тазоҳурот дар Минск дастгир шуданд. Айни замон интиқоди давлати Лукашенко барои бархӯрди бераҳмона бо тазоҳургарон идома дорад.
XS
SM
MD
LG