Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамоиши тоҷирони тоҷику турк дар Истанбул


Дар шаҳри Истанбул, ҳамоиши иқтисодии тоҷирону соҳибкорони Тоҷикистон ва Туркия баргузор шуд, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон ва Абдуллоҳ Гул раисони ҷумҳури ду кишвар ҳузур доштанд. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз афзоиши гардиши молу коло миёни ду кишвар ибрози қаноатмандӣ карда ва гуфтааст, дар Тоҷикистон 53 корхонаи муштараки туркӣ тоҷикӣ ва ё туркӣ фаъолият мекунанд. Аммо ба гуфтаи ӯ, имконот барои тавсиаи ҳамкориҳои иқтисодӣ зиёд аст ва ду кишвар бо истифода аз онҳо метавонад ба тиҷорати дуҷонибаро ривоҷ бидиҳанд. Абдуллоҳ Гул, раиси ҷумҳури Туркия, аз тоҷирони кишвараш хостааст, аз имконоти мавҷуд барои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон истифода кунанд.
XS
SM
MD
LG