Пайвандҳои дастрасӣ

Талошҳо барои дифоъи як вакили дифоъи хабарнигорони қазоқ


Фаъолони ҳуқуқи инсон дар Қазоқистон ба хотири дифоъ аз як вакили шинохтаи дифоъи хабарнигорон, кумитаи махсусе таъсис додаанд. Ба гузориши бахши қазоқии Радиои Озодӣ, Сергей Уткин вакили дифоъи расонаҳои мустақил ва хабарнигорони мухолиф, ҳоло бо иттиҳоми саркашӣ аз пардохти молиёт дар шаҳри Алмаато муҳокима мешавад. Сергей Уткин ва тарафдоронаш мегӯянд, парванда алайҳи ӯ ангезаҳои сиёсӣ дорад, зеро Уткин тамоми молиёти боқимондаро пардохт кардааст. Дар Қазоқистон барои саркашӣ аз пардохти молиёт чанд соли зиндон ҷазо муқаррар шудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG