Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасвиби қонуни баҳсбарангези забон дар Арманистон


Порлумони Арманистон қонуни баҳсбарангезеро тасвиб кард, ки бар асоси он танҳо теъдоди муайяни макотиб бо забони хориҷӣ иҷозаи фаъолият хоҳанд дошт. Мухолифони ин қонун мегуфтанд, ки иҷозаи таъсиси донишгоҳҳо бо забони хориҷӣ мақоми забони арманиро ҳамчун забони расмӣ таҳти шуоъ қарор медиҳад. Аммо давлати Арманистон мегӯяд, иҷозаи таъсиси теъдоди маҳдуди макотиби хориҷӣ барои рушди арсаи маориф, ки ба мушкилот рӯ ба рӯст кӯмак мекунад. Даҳҳо нафар аз вакилони аҳзоби мухолифи давлати Арманистон раъйдиҳӣ барои қабули ин қонунро таҳрим карданд.
XS
SM
MD
LG