Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷавонон, ҳукумати Қирғизистонро ба аҳдшиканӣ муттаҳам карданд


Раҳбарони созмонҳои ҷавонон дар Қирғизистон ҳукуматро ба он муттаҳам карданд, ки ба аҳди додааш ба ҷавонон барои истихдоми онҳо ба ниҳодҳои давлатӣ вафо накардааст. Ба гузориши бахши қирғизии Радиои Озодӣ, баъди барканории раиси ҷумҳури собиқ Қурмонбек Боқиев дар моҳи апрел, давлати муваққат барномаи махсусе барои пазируфтани ҷавонон ба ниҳодҳои давлатиро қабул кард. Ҳукумат бо ихтисоси 340 ҳазор доллар ҷиҳати иҷрои барнома тақрибан 1700 ҷавонро омӯзиш дод. Аммо пешвоёни созмонҳои ҷавонон мегӯянд, танҳо як дар сади ин ҷавонони омӯзишдида ба ниҳодҳои ҳукуматӣ ва маҳаллӣ ба кор пазируфта шудаанд.
XS
SM
MD
LG