Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чашмандозе ба "соли ғайриодӣ"-и Тоҷикистон


Рӯҳбаландии бесобиқае, ки дар оғози соли 2010 бо шиорҳои "Роғунро месозем!" ва "Интихобот шаффоф хоҳад буд!" ба хонадони тоҷикон ворид шуд, акнун, дар поёни сол, ба як беҳароратии норӯшан табдил ёфт.

Шӯру шавқи маъракаи Роғун фурӯ нишаст ва дар се моҳи охир ягон саҳмия ба фурӯш нарафта, дар ҳоле ки ҷамъан ба маблағи 6 миллиард сомонӣ саҳмия нашр шудаааст, пуле, ки аз фурӯши онҳо ба даст омад, ҳамагӣ 820 миллион сомониро ташкил дод.

Дар айни авҷи маърака Сандуқи байнулмилалии пул аз таъсири манфии ҷамъоварии сармояҳои мардумӣ ба вазъи иқтисодии кишвар ҳушдор дод ва аз сӯи дигар, омӯзиши пайомадҳои зистмуҳитии тарҳи Роғун, ки бо фишори Узбакистон роҳандозӣ шуд ва тавқифи таҷҳизоту маводи зарурӣ дар марзи Узбакистон, корҳои асосии сохтмонро ба таъхир андохт.

Ҳанӯз пеш аз оғози сол мошини таблиғотии давлат ва расонаҳои ғайридавлатӣ бунёди Роғунро ба "идеяи миллӣ" табдил доданд, ки ба андозаи зиёд дар интихоботи порлумонии 28-уми феврал ба манфиати ҳизби ҳоким хидмат кард.

ИНТИХОБОТ


Дуруст баъд аз 9 моҳ Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони Амният ва ҳамкории Аврупо дар гузориши ниҳоии нозиронаш интихоботи порлумонии Тоҷикистонро ғайридемократӣ номид. Раиси дастгоҳи Кумитаи марказии интихоботии Тоҷикистон, Муҳибуллоҳ Додохонов аз номи мақомоти кишвар ба ин арзишёбӣ эътироз кард ва ёдовар шуд, ки нозирон аз Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ ва Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ба интихоботи Тоҷикистон баҳои мусбат додаанд.

Раҳбари созмони "Барои интихоботи демократӣ", ҳуқуқшинос Ашӯрбой Имомов мегӯяд, интихоботи соли 2010 чизе бештар аз такрори интихоботҳои пешина набуд: "Боз як интихоботи идорашаванда буд, ҳарчанд ваъдаи раисиҷумҳур ба интихоботи шаффоф бисёриҳоро умедвор мекард. Боз онҳое пирӯз шуданд, ки ба қудрат наздик буданд."

Интихобот таносуби нерӯҳо дар порлумонро тағйир надод, ҷуз ин ки бо пазириши намояндагони ҳизбҳои Кишоварзӣ ва Ислоҳоти Иқтисодӣ вожаи "бисёрҳизбӣ"-ро дар шиори худ рангинтар кард. Коршиносон изҳори ҳайрат карданд, ки ин аҳзоби нав ва камтаҷриба ба осонӣ вориди порлумон шуданд ва баракс таҷрибаву талошҳои аҳзоби фаъоле монанди Наҳзати Исломӣ ва Сотсиал-Демократ натиҷаи зиёд надоданд.

Раисони ҷумҳури Русия ва Тоҷикистон Дмитрий Медведев ва Эмомалӣ Раҳмон
ТОҶИКИСТОН ВА РУСИЯ


Тамоми сол Маскав гӯё интизори гузаштҳои бештари Душанбест. Дар нимаҳои сентябр пахши намоишҳои телевизиони Русия дар Тоҷикистон дубора оғоз ёфт ва вазири умури хориҷии Тоҷикистон гуфт, кишвараш масъалаи истифода аз фурудгоҳи ҳарбии Айниро танҳо бо Русия баррасӣ мекунад. Маскав ҳанӯз ба ин гузаштҳо посух надодааст.

Таҳлилгари тоҷик, Исмоил Раҳматов мегӯяд: "Ба таври қатъӣ гуфтан мумкин нест, ки муносибатҳои хуб ё бад шуданд. Идомаи ҳамон муносибатҳои солҳои қаблӣ буданд."

Дар ҷаласаи кумиссюни байнидавлатии Тоҷикистон ва Русия дар Душанбе ва дертар дар як ҳамоиши марбут ба муносибатҳои байни ду кишвар дар аввалҳои моҳи декабр масъалаи бозгашти нерӯҳои марбони Русия ба марзи Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ шуд.

Ин бор аз тарафи сардори раёсати Вазорати корҳои хориҷии Русия, Максим Пешков, садо дод, ки аз тарроҳони асосии сиёсатҳои Русия дар баробари Тоҷикистон аст. Аммо ҳанӯз рӯшан нашудааст, ки Маскав дар иваз аз тарҳи Роғун ба рағми Узбакистон ҳимоят хоҳад кард ё на.

ТОҶИКИСТОН ВА УЗБАКИСТОН


Узбакистон дар ин байн дар баробари Тоҷикистон ва зимни ҳамин тарҳи Роғун аз сиёсати "фишори афзоянда" истифода мекунад. Коршинос Мӯсо Асозода мегӯяд: "Аз тарафи Тоҷикистон талоши зиёд ба беҳбуди муносибатҳо шуд, аммо аз тарафи Узбакистон чунин хоҳише ба назар нанамуд."

Раиси Маҷлиси намояндагон, Шукурҷон Зуҳуров дар яке аз ҷаласаҳои палатаи поёнии порлумон гуфт, зиёне, ки аз боздошти вагонҳои Тоҷикистон дар Узбакистон ба мардуми тоҷик расид, кайҳо аз марзи 1 миллиард доллар гузаштааст.

Мулоқоти президентҳои ду кишвар, Эмомалӣ Раҳмон ва Ислом Каримов дар моҳи июн дар Тошканд, роҳи молу колоҳои тронзитии Тоҷикистонро қисман боз кард. Аммо мунаққидон гуфтанд, сабаби асосӣ ин буд, ки Узбакистон дигар тавони дар роҳҳои оҳани худ ҷамъ овардани шумораи аз ин бештари вагонҳои Тоҷикистонро надошт.

Тирамоҳи соли 2010 Узбакистон аз фишор дар роҳҳои заминӣ ба роҳҳои ҳавоӣ гузашт ва созишномаи соли 1993-и идораи парвозҳо аз ҳарими ҳавоии худро бекор карда, барои ҳавопаймоҳои Тоҷикистон боҷи убур таъин кард.

ВИКИЛИКСИ МУЛЛО АБДУЛЛО

"Фирори аср" аз маҳбаси Душанбе рӯйдоде буд, ки акси садояш то ҳанӯз аз гӯшаву канори кишвар ва ҳатто берун аз он ба гӯш мерасад. Шаби 23-юми август, 25 зиндонӣ аз боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон фирор карданд.

Коршиноси тоҷик Абдуазими Абдуваҳҳоб мегӯяд, ин ҳодиса бо он ки ҳайратовар ва боварнакарданӣ буд, дар ёдҳо монд: "Ба ақли кас рост намеояд, ки аз ин бозодштгоҳҳо дар ин ҳама сол касе нагурехтааст ва акнун якбора 25 нафар онро тарк карданд."

Аз ҳамон оғоз эҳтимол мерафт, ин фирориён авзоъ дар Тоҷикистонро ноором хоҳанд кард. Дар чанд рӯзи баъдӣ гурӯҳҳои муштараки Вазорати умури дохилӣ, артиши миллӣ ва Кумитаи амният ба чанд минтақа фиристода шуданд. Сари роҳҳо посгоҳҳо пайдо шуданд ва ба зудӣ аз боздошти ду нафар аз фирориён хабар расид.

Агар фирор 23-юми август ба амал омад, 3-юми сентябр аввалин таркиши худкушона Хуҷандро такон дод ва дар ҳамин рӯзҳо буд, ки ҳукумат нерӯҳои зиёдеро ба Рашт мефиристод. Маълум нашуд, фирор ва таркиш аъмоли мунҳарифкунандаи таваҷҷӯҳ буданд ё не ва то куҷо бо таҳаввулот дар Камароб рабт доштанд. 19-уми сентябр дар ин ҷо ба корвони мошинҳои Вазорати дифоъ ҳамла шуд ва 25 нафар ба ҳалокат расид. Се рӯз баъдаш амалиёти Рашт шурӯъ шуд, ки дар матбуоти ватанӣ ва хориҷӣ бозтоби мухталифе дошт.

Бино бар як номаи сафири Амрико, ки торнамои Викиликс мунташир кардааст, раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, хадамоти махфии Русия аз Мулло Абдулло ҳимоят мекунад ва мехоҳад бо истифода аз ситезаҷӯён вазъро дар Тоҷикистон баҳам занад.

ВОКУНИШИ ДАВЛАТ


Ба ақидаи таҳлилгари тоҷик, Саймуддин Дӯстов, ҳукумати Тоҷикистон, ба ҳар ҳол, тавонист ба ҳамаи ин рӯйдодҳо, ки мумкин аст, байни худ пайванди қавӣ дошта бошанд, дар ин ё он шакл посух диҳад, аммо "мушкили асосӣ ин аст, ки низоми дар солҳои истиқлолият сохтаи мо на дар сатҳи минтақа ва на ҷаҳон рақобатпазир нест ва ниёзи шадид ба ислоҳоти сохторӣ ва кадрӣ дорад."

Ин ҷо бояд афзуд, ки ҳарчанд фармондеҳи пешини мухолифон, Мирзохӯҷа Аҳмадов, ки бисёриҳо ӯро ҳадафи ин амалиёт меномиданд, ҳоло дар канори нреӯҳои давлат зидди ситезаҷӯён қарор дорад, Алии Бедакӣ ва Мулло Абдулло боздошт ё кушта нашудаанд. Ба сурати умум, коршиносон амалиёти Раштро ноком ва бенатиҷа унвон кардаанд.

Аммо ҳаҷвнигор Наҷмиддини Шоҳинбод шӯхиеро ба фазо сар дод, ки "дар натиҷаи музокироти тӯлонӣ Мирзохуҷа Аҳмадов, 30 нафар аз ҷангиён, "Фараж", "Пайкон" "Нигоҳ" ва боз се нашрияи озод силоҳашонро ба замин гузоштанд."

ФИШОР БА МАТБУОТ


Ҳар дафъа баъд аз интихоботҳо давраи шукуфоии озодии матбуот фаро мерасид. Соли 2010 баракс, бештарин фишор ба давраи баъд аз интихобот рост омад.

Мудири бахши мутолиаи вазъи озодии матбуот дар Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, Абдуфаттоҳ Воҳидов мегӯяд: "Дар тӯли як сол болои чанд нашрияи мустақили Тоҷикистон қазияҳои додгоҳӣ таҳмил шуд ва худи ин баёгари он аст, ки вазъи озодии баён, озодии матбуот дар Тоҷикистон дар чӣ ҳоле қарор дорад."

Аз моҳи январ то ҳоло нашрияҳои мустақили "Пайкон", "Фараж", "Азия-Плюс", "Нигоҳ", "Озодагон", "Миллат" ва "Нури зиндагӣ" гирифтори парвандаҳои ҷиноии таҳқиру тӯҳмат қарор доранд. Воҳидов мегӯяд, агар муҳокима дар додгоҳ ҷои фишорҳои пасипардагӣ ва радди чопи нашрияҳо дар чопхонаҳо мегирифт, бок набуд, вале ҳоло ин ду падида рӯи ҳам омадааст. Ҳанӯз ҳам бо дастурҳои нонавиштаи мансабдорони нонамоён матбааҳо аз чопи нашрияҳои "зери фишор" худдорӣ мекунанд.

Коршинос Абдуазими Абдуваҳҳоб мегӯяд, мушкили нашрияҳо ин аст, ки мехоҳанд, воқеияти кишварро нишон диҳанд. Аммо онҳое, ки фишор меоранд, фикр намекунанд, ки решаи мушкил воқеият аст, на расонаҳо, асли симову башара аст, на оина.

НИГОҲ АЗ БЕРУН

Созмонҳои гуногуни байнулмилалӣ воқеияти Тоҷикистонро дар соли 2010 тавре баҳо додаанд, ки агар бисёре аз нишондиҳандаҳои вазъ дар солҳои гузашта мӯътадил мондаанд ва гоҳе ҳатто ба сӯи беҳбуд боло рафтаанд, дар ин сол, баракс чанде аз шохисҳои асосӣ аз нишонаҳои бӯҳрони ҷиддитаре хабар медиҳанд.

Бино бар раддабандии созмони "Хонаи озодӣ", Тоҷикистон кишвари ноозод боқӣ монда, аз лиҳози озодии матбуот як зина поён ва аз зовияи "Гузоришгарони бидуни марз" ду зина поён афтодааст. "Wall Street Jornal" ва бунёди "Мерос" дар раддабандии озодиҳои иқтисодӣ, Тоҷикистонро аз ҷои 122-юм ба 128-ум фуроварданд.

"Foreign Policy" ва бунёди "Барои сулҳ" Тоҷикистонро дар байни 177 кишвари ноком дар ҷои 38-ум қарор дод. Пажӯҳишгоҳи "Экономист" аз рӯи шохиси демократия ба Тоҷикистон яке аз ҷойҳои охирин, 149-умро раво дид.

Танҳо Бонки Ҷаҳонӣ аз лиҳози соҳибкорӣ пешрафти Тоҷикистонро аз ҷои 152 ба ҷои 139 ишора кардааст, ки ба коҳиши андоз ва низоми мавсум ба "равзанаи ягона" рабт дорад. Ва созмони Шаффофияти байнулмилал барои талошҳои ҳукумати Тоҷикистон зидди фасод онро дар раддабандии хеш ду зина боло қарор додааст.

НИГОҲЕ БА ФАРДО

Аз соли 2010, ки коршиносон онро барои Тоҷикистон "ғайриодӣ" номиданд, чанд саволи ҳушдоромез барои соли нави 2011 ба мерос хоҳад монд. Саймуддин Дӯстов мегӯяд, аз нигоҳи ӯ соли нав аз соли 2010 ба маротиб сангинтар хоҳад буд ва ҳукумат бояд бархӯрдашро ба мушкилоте монанди фақр ва фасод аз реша тағйир диҳад ва як ислоҳоти амиқеро амалӣ намуда, аз тафаккури кӯҳна ва барномарезиҳои сабки шӯравӣ канор гирад: "вагарна, бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар соли оянда моро ба комаш бештар фурӯ хоҳад кашид ва дигар танҳо такия ба сохторҳои қудратӣ барои нигоҳ доштани ҳокимият дар Тоҷикистон акнун басанда нест."

Таҳлилгарони Ройтерз бар инанд, ки дар соли 2011 тазоҳурот ва задуххӯрдҳои хиёбонии норозиён ва полис ба яке аз муҳимтарин нишонаҳои ҳаёти сиёсии ҷаҳон табдил меёбад. Ин шореҳон ҳамчунин раҳбарони солманд ва беморро омили дигари риски сиёсӣ шумурдаанд, ки раисиҷумҳури Узбакистон, Ислом Каримов метавонад, яке аз чунин сарварон бошад.

Аз ҳама муҳимаш, соли 2011 ниҳоят метавонад, соли сарнавиштсозе барои тарҳи Роғун шавад. Дар моҳи апрел қарор аст, омӯзиши пайомадҳои зистмуҳитии он ба поён расад ва маълум нест, агар сохтмони густарда сар шавад, вокуниши Узбакистон чӣ хоҳад буду агар тарҳи Роғун ба қуттии партовҳо фурӯ афтад, вокуниши саҳмиядорон чӣ.
XS
SM
MD
LG