Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши маргумири тоҷикҳо дар Русия


Дар ҳоле, ки расонаҳои хабарӣ аз афзоиши интиқоли беш аз 10 тобути муҳоҷирони кории тоҷик аз Руссия ба ватан гузориш медиҳанд, масъулини вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯянд, дар ду-се рӯзи ахир ҷасади панҷ шаҳрванд аз Русия оварда шудааст.

Зумрад Солеҳова, яке аз кормандони хадамоти муҳоҷирати назди ин вазорат гуфт, масъулини дафтари матбуоти онҳо баъди шунидани хабари ин, ки “гӯё ҷасади даҳ нафар аз Русия оварда шудааст, ба фурӯдгоҳ рафтанд”, вале ин хабарро тасдиқ накарданд. “Ба мо ду-се рӯз пеш гуфтанд, ки гӯё ҷасади даҳ нафар ба фурудгоҳ оварда шудааст. Кормандони дафтари матбуоти мо рафтанд ва диданд, ки ду ҷасад аз Санкт-Петербург ва се ҷасад аз Маскав оварда шудааст”.

Хонум Солеҳова афзуд, ки ҳоло мушаххастар дар бораи иллати марги ин афрод ва ё иртиботи эҳтимолии ин ҳодисаҳо бо паёмадҳои ошӯбҳои гурӯҳҳои миллатгарову нажодпараст чизе гуфта наметавонад.

Сафир: Дар ошӯбҳо тоҷикҳо кушта нашудаанд


Абдулмаҷид Достиев, сафири Тоҷикистон дар Русия
Дар ҳамин ҳол, сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев дар як cӯҳбати ихтисосӣ бо радиои Озодӣ аз Маскав гуфт, ҳарчанд ҳар рӯз ҳадди аққал як ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон аз роҳи ҳавоӣ ба ватан фиристода мешавад, аммо аз рӯи маълумоти вай шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар ошӯбҳои гурӯҳҳои нажодпараст ва дар рӯзҳои баъдӣ кушта нашудаанд.

Вай гуфт, дар ҳодисаҳои қабл аз ошӯбҳои майдони Манежи Маскав даҳ шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳолатҳои мухталиф даргузаштанд ва ҷасади онҳо ба ватан интиқол дода шуд.

Ӯ гуфт: “Он даҳ нафар аз рӯзи дуюм то даҳуми декабр, яъне то як рӯз қабл аз ин бесарусомониҳо даргузаштанд. Аз миёни он даҳ нафар панҷ нафарашон бар асари беморӣ дар бемористонҳои Маскав, Санкт-Петербург, Екатеринбург ва Новосибирск фавтидаанд. Чор ҳодисаи дигар дар паи ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот буда як зан худкушӣ кардааст”.

Дар саросари Русия беш аз як миллион муҳоҷири тоҷикистонӣ кору зиндагӣ доранд ва бино ба иттилои расмӣ, имсол беш аз шашсад шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия ба ватан интиқол дода шуд.

Задухӯрди тоҷикҳо ва сартарошидаҳо дар Петербург

Ин дар ҳолест, ки бар пояи гузориши сомонаи интернетии ББС, дар даҳ рӯзи гузашта ҷасади 16 тан аз Русия ба Тоҷикистон оварда шуд ва “сабаби марги дастикам ду нафар аз онҳо куштор сабт шудааст”.

Назар Мирзода, раиси маркази фарҳангии “Сомониён” аз шаҳри Санкт-Петербург гуфт, “чаҳор рӯз пеш“ гурӯҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон бо сартарошидаҳо вориди задухӯрд шуданд. Ӯ зимни шарҳи ҳодиса гуфт, як ҷавони тоҷик, ки роҳи хонааш аз боғи Таврическии ин шаҳр воқеъ дар наздикии метрои Чернишевский мегузашт, мавриди ҳамлаи чаҳор нафар қарор гирифт. Вале ду бародари ӯ, ки ба ҷои ҳодиса расиданд, ба ҳамлагарон бо зарби корд посух доданд.

Ӯ дар идома гуфт: “Дар ин ҳодиса як духтар ва се писар аз ҳамон гурӯҳи сартарошидаҳо ба шаҳрвандони тоҷик ҳамла карданд. Болои як ҷавони тоҷик, ки ба хонааш мерафт, ин сартарошидаҳо ҳамла карданд ва баъд бародарҳои ӯ, ки расида омаданду бо корд скинҳедҳоро заданд. Ҳоло захмиҳо дар беморхона ҳастанд. Ин ҷавонҳои тоҷик аз Душанбе, бачаҳои хуб ҳастанд”.

Назар Мирзода афзуд, ки аз оғози раҳпаймоиҳову даъвати гурӯҳҳои қафқозиву ғайрирус барои ташкили эътирозҳои ҷавобӣ дар муқобили гурӯҳҳои бегонаситез аз тоҷикон ва муҳоҷирони тоҷикистонӣ хостаанд, ки ба ин даъватҳои таҳрикомез дода нашаванд. Чунин даъват ҳамчунин аз забони сафорати Тоҷикистон низ садо додааст.
XS
SM
MD
LG