Пайвандҳои дастрасӣ

Масъулони «Амонатбонк» мегӯянд, имрӯз мушкили вобаста ба нафақагирон, ки дирӯз назди бинои ин бонк эътироз намуда буданд, ҳалли худро пайдо кард.

Ба қавли масъулини ин бонк аксари эътирозкунандагон маъюбони нафақагир будаанд, ки дар ҳуҷҷатҳояшон нуқс ҷой доштааст. Бархеи дигар танҳо дар моҳи ноябр нафақаашонро нагирифта будаанд.

Масъулини бонк дар як посух ба РО чунин гуфтанд: «Мақолаи «Эътирози нафақагирон дар Кӯлоб»-ро, ки дар сомонаи Радиои «Озодӣ» нашр шуда буд, чунин шарҳ медиҳем, ки дар ҳақиқат шахсони сӯҳбаткарда, аксаран нафақагироне мебошанд, ки аз ҳисоби маъюбӣ ба нафақа баромадаанд. Бинобар сабаби муваққатан қатъ шудани нафақаашон аз тарафи мақомоти ҳифзи иҷтимоии шаҳри Кӯлоб, то дубора дуруст кардани ҳуҷҷат онҳо наметавонистанд, нафақаашонро дастрас кунанд. Ба онҳо фаҳмонида шуд ва онҳо аз сари нав ҳуҷҷатҳояшонро дуруст карданд ва ҳоло нафақаашонро дастрас кардаанд. Ҳоло ҳамаи маблағҳои талаботи моҳи ноябри ба ҳамаи Оҷонсиҳо тақсим шуда ва нафақагирон нафақаи худро пурра мегиранд».

Дар ҳамин ҳол, Хуросон Назарова, ки дирӯз бо мо сӯҳбат мекард, гуфт, воқеан ба ӯ кормандони бонк нуқси ҳуҷҷатҳояшро фаҳмониданд ва пас аз дуруст кардани ҳуҷҷатҳояш нафақаи се моҳаи чаҳор набераи ятимашро дар ҳаҷми 480 сомонӣ дастрас кардааст.

Эътирозгарон аз кори бонк шикоят надоранд

Масъулини бонк мегӯянд, нафақагирони эътирозгар дар баёнотҳои худ навиштаанд, ки дигар нисбат ба хидматрасонии бонк ҳеҷ шикояте надоранд.

Аммо Манзура Маниёзова, дигаре аз эътирозгарон мегӯяд, мушкили молӣ дошт, вагарна ҳеҷ гоҳ назди бонк барои шикоят намерафт.

Суҳробшоҳи Фаррухшоҳ, сухангӯи шаҳрдорӣ Кӯлоб мегӯяд, раиси шаҳр, Ҳамид Абдуллоев ҳамеша таъмини нафақаи нафақагиронро назорати ҷиддӣ мекунад ва хурдтарин камбудӣ дар ин самтро дар зудтарин фурсат ҳал менамояд.

Пардохти пурраи нафақаи нафақагирон дар ҳолест, ки рӯзи гузашта теъдоде аз нафақагирони шаҳру ноҳияи Кӯлоб бо нишони эътироз назди «Амонатбонк» барои гирифтани нафақаи худ ҷамъ омада буданд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки бархе аз расонаҳо бидуни ҳузур доштан дар ҷои ҳодиса эътирози нафақагиронро аз қавли манбаъҳои расмии худ инкор кардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG