Пайвандҳои дастрасӣ

Имсол сокинони шаҳри Ӯш шоҳиди ҷашни анъанавии соли нав нахоҳанд шуд. Бо сабабҳои амниятӣ мақомоти ин шаҳри ҷанубии Қирғизистон ҷамъомадҳои мардумӣ ва оташбозиро манъ кардаанд.

Мақомоти Ӯш бо ишора ба нигарониҳои амниятӣ эълон кардаанд, ки ин шаҳри ҷанубии Қирғизистон соли нави 2011-умро бидуни оташбозиву ҷамъомадҳои ботантанаи мардумӣ пешвоз хоҳад гирифт.

Вале ба назар мерасад, таҷлили бидуни оташбозии соли нав яке аз мушкилиҳои хурдтарини сокинони ин шаҳр аст, ки шаш моҳ пеш ба маркази хушунатҳои байниқавмӣ табдил ёфта буд ва то ҳанӯз ором нашудааст.

Ҳушдор аз эҳтимоли ҳамлаҳои террористӣ

Раиси шаҳри Ӯш Мелис Мирзоаҳмадов аз эҳтимол дур намедонад, ки ҳафтаҳои оянда ва ба хусус дар арафаи соли нав дар ин шаҳр ҳамлаҳои террористӣ ба вуқӯъ пайвандад. Мақомот Ӯш иддао доранд, ки рӯзҳои ахир дар гирду атрофи ин шаҳр ду амбори пинҳонии силоҳро кашфу мусодира кардаанд.

Ба гуфти мақомот гурӯҳҳои ифротгаро бо кумаки ҳалқаҳои хориҷӣ саъй мекунанд вазъро ноором карда, аз роҳи иғво ихтилофҳои байниқавмиро аланга диҳанд. Нерӯҳои амниятии Қирғизистон пайваста амалиёти кофтукоби минтақаҳову хонаҳои шубҳабарангез ва масҷидҳоро пиёда менамоянд.

Мақомоти қирғиз мегӯянд, Ӯш, ки дувумин шаҳри бузурги ин кишвар аст ва дар он шумори зиёди мардуми узбактабор ба сар мебарад, зери назорати комили онҳо қарор дорад.
Аммо коршиносон таъкид мекунанд, ки таъмини назму суботи Ӯш ва умуман манотиқи ҷанубии Қирғизистон шояд яке аз вазифаҳои асосии ҳукумати эътилофии ин кишвар хоҳад буд, ки рӯзи 20-уми декабр таҳти сарварии Алмосбек Ҳотамбоев ташкил шуд.

Мелис Мирзоаҳмадов, мири шаҳри Ӯш
Мири шаҳр: Ин ҷо нафрати байниқавмӣ нест


Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ раиси Ӯш гуфт, ки мардум набояд ба иғвоҳо гӯш диҳад. Мелис Мирзоаҳмадов афзуд: "Дар ин ҷо нафрати байниқавмӣ вуҷуд надорад. Муҳимтарин вазифа фаҳмондан ба мардум аст, ки ваҳшатзада нашаванд, оромиро ҳифз намоянд ва ба иғво гӯш надиҳанд. Ин гуна амалиёти амниятӣ, ки ҳоло дар Ӯш ҷараён доранд, то муддате идома хоҳанд дошт”.

Хабарнигори Радиои Озодӣ Эрнест Нурматов мегӯяд, ки зоҳиран Ӯш ором асту мардум бо корҳои ҳамарӯзаи худ машғул мебошанд. Ӯ меафзояд, дар ҳамин ҳол эҳсос мешавад, ки чизе гум шудаасту намояндагони қавмҳои мухталиф ба ҳамдигар эътимод надоранд. Нурматов илова мекунад, ки сокинони шаҳр аз овозаҳои гуногун дар ҳарос ҳастанд.

Баъзе сокинони маҳаллӣ ва намояндагони созмонҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи башар набудани эътимоди байниқавмиро сабаб оварда, мегӯянд, одатан ҳангоми амалиёти полис дар вилоятҳои Ӯшу Ҷалолободи Қирғизистон намояндагони қавми узбак ҳадаф қарор мегиранд. Ҳамин гуна бар пояи гузориши созмони дидбони ҳуқуқи башар Амнести Интернешнел аксари кулли муттаҳамҳое, ки баъди хушунатҳои моҳи июн дар ҷануби Қирғизистон ба додгоҳ кашида шудаанд, узбактабор мебошанд.

Вале дар ҷавоб ба ин айбнома мақомоти қирғиз борҳо таъкид кардаанд, ки мансубияти қавмии муттаҳам барои онҳо фарқ надорад ва ба гуфти дабири Шӯрои Амнияти Миллии Қирғизистон Марат Имонқулов дар муқобили қонун ҳама баробар ҳастанд.

Иттиҳоми пешвоёни узбактаборони Ӯш


Дар ҳамин ҳол омбудсмани Қирғизистон Турсунбек Охун дар натиҷагирии хушунатҳои моҳи июни ҷануби Қирғизистон ба ваҷҳи умум раҳбарони як идда ҷамоаҳои узбакро масъул донистааст. Яке аз ин муттаҳамҳои узбактабор собиқ вакили мардумӣ Қодирҷон Ботиров ҳар гуна айбномаҳо дар бораи иғвоандозиро қатъиян рад мекунад.

Моҳи равон мақомоти қирғиз панҷ имом-хатиби масҷидҳои Ӯшро бо иттиҳоми пайравӣ ба равияҳои ғайрианъанавии дини ислом аз мансаб барканор карданд. Ҳамзамон иттилоъ расид, ки як имом-хатиб бо айбномаи даъвату сафарбарии ҷавонон ба урдугоҳҳои террористӣ ба ҳабс гирифта шуд. Мақомот иброз доштаанд, ки нафари боздоштшуда узбактабор аст.

Ахиран дар Ӯш чор зани узбактабор рабуда шуда, мавриди таҷовуз ба номус қарор қарор гирифтанд. Матбуоти маҳаллӣ гузориш медиҳад, ки ин занон аз 16 то 18 сола буда, онҳоро баъди таҷовуз ба номус бо тани нимбараҳнаву муйсари тарошида дар канораҳои шаҳр раҳо кардаанд.

Хуллас, ҳам қирғизҳову ҳам узбакҳои Ӯш аз амнияташон дар ҳаросанду тавре Казипа Бектемирова сокини қирғизтабори ин минтақа мегӯяд, ҳама тарафдори сулҳу оромӣ ҳастанду аз сарнавишти фарзандонашон хавф доранд.
XS
SM
MD
LG