Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Густариши фаъолияти ҲИУ дар шимоли Тоҷикистон


Дар пайи амалиёти вижаи кормандони ниҳодҳои интизомӣ ва амниятии Тоҷикистон тайи ду рӯзи ахир дар қаламрави ноҳияи Истаравшани вилояти Суғд шаш нафар аз пайравони Ҳаракати исломии Узбакистон боздошт шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки қаблан аз боздошти тарафдорони ҲИУ дар қаламрави Исфара хабарҳо расида буд. Масъулони раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд мегӯянд, амалиёти фаврӣ—ҷустуҷӯӣ ва таъқиби аъзои ҲИУ дар ҳама ноҳияҳои ин минтақа идома дорад ва талош хоҳад шуд, то аз густариши ин ҷунбиш дар Тоҷикистон, ба хусус шимоли ин кишвар ҷилавгирӣ шавад.

Аммо соҳибназарон мегӯянд, густариши фаъолияти пайравони ҲИУ дар минтақаи Истаравшан далели он аст, ки доманаи фаъолияти ин ҷунбиши, ба гуфтаи давлат, «терористӣ» васеъ мешавад.

Кашфи шохаи ҲИУ дар Истаравшан


Боздошти Дилшод Раҳимов, сокини 23-солаи ноҳияи Истаравшан тавассути кормандони ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд, гиреҳеро барои дастгир кардани панҷ тани дигар аз тарафдорони Ҳаракати исломии Узбакистон дар ин минтақа боз кард. Ин буд, ки дар як амалиёти вижа, Исроил ва Насим Ҳоҷиевҳо - зодагони ҷамоати Пошкент, Далер Сафаров, Хушбахт Маъмуров ва Суҳроб Аюбов - сокинони шаҳри Истаравшан бо иттиҳоми ҳамдастӣ бо Ҳаракати исломии Узбакистон дастгир шуданд. Бино ба иттилои масъулон, Дилшод Раҳимов раҳбарии бахши ҲИУ дар Истаравшанро бар ӯҳда доштааст.

Генерал Шариф Назаров, сардори раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, афроде, ки дар авохир дар ноҳияи Истаравшан боздошт шудаанд, сокинони ин минтақа ҳастанд. Ба таъкиди генерал Назаров, саркардаҳои ин гурӯҳ низ шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд. Вай мегӯяд, «саркардаҳо шаҳрвандони мо ҳастанд, ки ба хориҷи кишвар рафта, ба ин гурӯҳ шомил мешаванд. Баъд омада ҷавононро ба ин ҳизбу ҳаракат шомил месозанд».


Нигарониҳо аз афзоиши тундгароҳо


Густариши фаъолияти Ҳаракати исломии Узбакистон дар шаҳри Истаравшан нигарониҳои ҷиддии мақомоти вилояти Суғдро ба бор овардааст. Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Суғд, дар чанд рӯзи пеш ба ин шаҳр сафар кард ва мавзӯи гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароро дар нишасте бо масъулон ва фаъолони ин минтақа ба баррасӣ гирифт. Ӯ дар ин ҷаласа гуфтааст, ки аз 33 узви Ҳаракати исломии Ӯзбакистон, ки дар қаламрави вилоят боздошт шудаанд, 21 нафар сокинони шаҳри Истаравшан будаанд.

Ин дар ҳолест, ки қаблан хабарҳо дар мавриди амалиётҳои вижаи ниҳодҳои интизомӣ ва амниятӣ барои кашфу боздошти аъзои ин ҳаракат аз Исфара мерасид. Аз ҷумла моҳи октябр дар ҷамоати Чоркӯҳи ин ноҳия ду амалиёти нерӯҳои интизомӣ алайҳи афроди марбут ба ҲИУ сурат гирифт, ки бар асари он 5 ифротгаро кушта шуд.

Суоли матраҳ низ ин аст, ки чаро тарафдорони ҲИУ акнуни Истарвашанро майдони фаъолияти худ интихоб кардаанд ва масири ояндаи ин ҷунбиш кадом хоҳад буд?

Исфара ва Истаравшан – дугӯшаи ҲИУ?


Амруллои Низом, коршиноси умури мазҳабӣ мегӯяд, маҳз бароварда нашудани ниёзҳои ҷавонон омили гароиши онҳо ба ин ҳаракат шудааст. Ӯ афзуд: «Яке аз омилҳои аслӣ ва муҳимтарини густариши ҳар гуна афкор ин аст, ки ҷавонони мо ниёзҳои худро аз рафти сиёсати кунунии давлат бароварда карда наметавонанд. Ба ин далел ҳар ҷое, ки одитарин ниёзи онҳо бароварда шавад, ҳамон ҷо қадам мезананд. Доманаи густариши ин таҳаввул аз Исфара ба Истаравшан низ ҳамин аст».

Бо таваҷҷӯҳ ба ин Амрулои Низом мӯътақид аст, ки агар ин амалкард ва сиёсат нисбати ҷавонон, ки дар бештари маворид аз тариқи зӯрӣ низ амалӣ мешавад, тағйир накунад, масири минбаъдаи густариш ва фаъолияти ҳамчунин гурӯҳҳои мамнӯъи мазҳабӣ, дигар аз шаҳру ноҳияи вилояти Суғд ва баъдан вилояти Хатлон хоҳанд шуд.

ҲИУ дар Тоҷикистон чӣ меҷӯяд?

Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, коршиноси маркази таҳлилии "Диалог"
Аммо бо таваҷҷӯҳ ба номи ҲИУ, Ҳикматулло Сайфуллозода, коршиноси маркази таҳлилии «Диалог», бар ин аст, ки агар ин ном воқеият бошад, пас масир ва ҳадаф низ Узбакистон хоҳад буд. Ӯ гуфт: «Албатта ҳоло аз нигоҳи номи ҲИУ агар ба ин ном воқеият дошта бошад, ҳатман ки бояд домани фаъолияти ӯ ба кишвари ҳамсоя ё ба худи номи Узбакистонии худаш кашида шавад».

Ин дар ҳолест, ки қисмати шимоли Тоҷикистон бо бархе аз манотиқи Узбакистон ҳаммарз аст. Аммо ҷаноби Сайфуллозода мегӯяд, он чӣ дар зеҳнҳо ин суолро матраҳ месозад, ин аст, ки чаро ин ҳаракат бо чунин номе, яъне ҲИУ, фаъолияти худро дар Тоҷикистон густариш медиҳад. Зеро, мегӯяд вай, оё ҳадафи ин ҳаракат бо ин ном ноором кардани суботи Тоҷикистон аст ва ё бедор кардани ангезаи узбактаборони Тоҷикистон ба хотири тағйири низоми давлатӣ дар Узбакистон?

Бунёди «халифат» ё ноором кардани вазъ?


Ин дар ҳолест, ки яке аз ҳадафҳои аслии ҲИУ тағйири низоми давлатӣ ва бунёди хилофат дар Осиёи Марказӣ унвон мешавад. Аммо бархе аз коршиносон Точикистонро дар ин росто истисно медонанд.

Дар ҳар сурат генерал Шариф Назаров, сардори раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, дар мавриди масири минбаъдаи фаъолияти аъзо ва тарафдорони ҲИУ иттилое надорад, аммо мегӯяд, «амалиёт доимо дар ҳама ҷо ҳаст ва пайдоиш ва боздошти ин гурӯҳҳо зери назорат аст. То кунун амалиёт бо барор идома дорад. Ин ҷавонон пеш шомил шудаанд ва имрӯз дастгир карда пеши роҳашро гирифтаем».

Ба ин тартиб, тибқи иттилои расмӣ, танҳо дар давоми ду ҳафтаи ахир дар вилояти Суғд ҷамъан 15 нафар бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳи мазҳабии мамнӯъи ҲИУ боздошт шудаанд. Нисбати ҳамаи онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ин афродро дар ба узвият дар гурӯҳи ҷинояткор ва таъсиси созмони ғайриқонунӣ мутаҳҳам медонанд.

Фаъолияти аъзо ва тарафдорони ҲИУ дар қисмати шимоли Тоҷикистон дар ҳолест, ки бархе аз расонаҳои хабарӣ ва коршиносон рӯйдодҳои чанд моҳи ахир дар ин кишвар, аз ҷумла ҳодисаҳои Рашт, таркиш дар Хуҷанд ва нооромиҳо дар Исфараро ба фаъолияти Ҳаракати исломии Узбакистон марбут медонанд.
XS
SM
MD
LG