Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маросими хоксупории Нигина Рауфова


Нигина Рауфова, ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, ки субҳи рӯзи 22-юми декабр дар синни 65-солагӣ аз дунё даргузашт, дар оромгоҳи Лучоб ва дар канори қабри афроди саршинос ба хок супорида шуд. Дар маросими видоъ бо Нигина Рауфова, намояндагони давлат, аҳли фарҳанг ва дӯстону мухлисони ин ҳунармарди саршинос иштирок доштанд.

Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири фарҳанги Тоҷикистон, дар маросими видоъ бо хонум Рауфова, нақши ӯ дар мусиқии тоҷикро муҳим арзёбӣ кард ва гуфт:
“Нигина Рауфова аз зумраи шахсиятҳои мӯътабари мардуми тоҷик аст, ки ба шарофати истеъдоди асил ва истеъдоди табииву худоди худ дар дилу дидаи мардуми мо ҷо гирифтанд. Барои тарбияи даҳҳо нафар шогирдон низ хидмати арзанда карданд.”



Сухан гуфтан дар бораи Нигина Рауфова, дар замоне ки дар ҳаёт нест, на барои ҳамаи дӯстонаш осон буд.

Нуқра Раҳматова ва Мастона Эргашева, ки аз дӯстони наздики Нигина Рауфова буданд, мегӯянд, онҳо натанҳо як ҳунарманди асил, балки дӯсти ҷонии худро “гум кардаанд”.

Нуқра Раҳматова, овозхони маъруфи тоҷик, мегӯяд, ҳар лаҳзаи ҳамкорӣ ва буданаш бо Нигина Рауфова лаҳзаи хотирмон аст ва ӯ аз он афсӯс мехӯрад, ки як ҳамдами рози худро аз даст дод.



“Бо ҳам суруд хондем. Лекин моро партофту рафт. Як гули маҳфили мо буд. Сафарҳои ҳунарӣ мерафтем. Ӯ латифаҳо мегуфту мо механдидем. Аммо имрӯз гиря мекунем...”,афзуд ӯ.

Мастона Эргашева, овозхони дигари тоҷик, низ мегӯяд, онҳо сари ҳар вақт бо Нигина Рауфова ҷамъ омада хушҳолӣ мекарданд ва акнун бо рафтани Нигина сафи онҳо камтар шуд.

Маросими хоксупории Нигина Рауфова
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:02 0:00


Малика Саидова, овозхони тоҷик, ки худро аз шогирдони Нигина Рауфова ном бурд, гуфт, ки даргузашти устодаш барои ӯ аз сахттарин рӯзҳои умр ба ҳисоб меравад: “Танҳо мегӯям, ки рӯҳи устод шод бошад. Имрӯз аз ҳама рӯзи вазнинтарин барои мо — шогирдон аст.”

Наздикони Нигина Рауфова мегӯянд, ӯ як рӯз қабл аз даргузашти худ дар телевизиони “Сафина” таронаи навашро сабт карда, мардумро ба иди соли нав табрик гуфтааст.

Гулрухсори Сафӣ, шоири мардумии Тоҷикистон, ки дар рӯи ҳавлии Нигина Рауфова вохӯрдем, мегӯяд, ҳаргиз барои овозхонҳо тарона нанавишта буд, вале охирин таронаи Нигинаро ӯ навиштааст.



“Як рӯза меҳмонуме, садсола армонуме. Ин бо хоҳиши худи Нигина навишта шудааст. Ман аслан суруд наменависам. Вай гуфт, оҳанг оҳанги боло аст ва бояд суруди боло навишт. Ман гуфтам, ки биё дарди дилатро нависам. Ҳамин буд, ки Ҷони ҷони ҷонуме, Ишқи гулафшонуме, Якрӯза меҳмонуме, Садсола армонумеро навиштам. Ҳоло мегӯям, Нигина - якрӯза меҳонуме, садсола армонуме...”,-афзуд вай.

Хонум Гулрухсор ҳамчунон, ки аз марги Нигина Рауфова изҳори таассуф мекард, саҳифаҳои зиндагии ӯро ҳам варақ мезад.

Вай гуфт, касе бовар карда наметавонад, ки Нигина аз як деҳаи хурди Файзобод омада ва мактаби мусиқиро хатм накарда, ба як ҳунарманди маъруф, беҳтар аз ҳама ба ҳунарманди мардумӣ табдил ёфт.

Қудратулло Яҳёев, оҳангсози тоҷик, мегӯяд, садои Нигина Рауфова аз садои аксар овозхонҳо тафовут дошт ва ба гуфтаи ӯ барои оҳангсозон ифтихор буд, ки оҳангу суруди навиштаи онҳоро Нигина Рауфова иҷро бикунад.



“Манбаъи сурудхонии Нигина оҳангсоз Фаттоҳ Одина буд. Тамоми сурудҳои офаридаи ӯро Нигина месароид. Сарҳади овози ӯ баланд буд. Ӯ ҳам бе асбоб хонда метавонист ҳам бо асбоб. Тамоми эҷодкорон мехостанд, ки суруди ӯро Нигина хонад”,-илова кард Яҳёев.

Аммо ҳамон тавре, ки Муҳиддини Кабирӣ, вакили Маҷлиси Намояндагон, мегӯяд, на танҳо садои Нигина Рауфова, балки сабку фаъолияти ӯ низ аз дигарон фарқ доштанд.

Оқои Кабирӣ мегӯяд, баръакси дигар овзхонҳо, хонум Рауфова на аз дунболи мухлисони худ, балки мухлисонаш ба дунболи ӯ мерафтанд.



Вай афзуд, “Ба санъати мардумӣ содиқ монд. Ва ҳамеша мухлисашро маҷбур мекард, ки аз қафои ӯ биравад. Ҳеч гоҳ ба мухлисаш хиёнат накард ва мухлисони апаи Нигина низ то ба охир ба ӯ содиқ монданд. Ин вижагии апаи Нигина буд, ки ӯро аз дигар санъаткорон, ки ҳамеша дар пайи бозор ҳастанд ва услуби худро вобаста бо бардошти бозор тағйир медиҳанд, фарқ мекунонд.”

Бо ин ҳол, Нигина Рауфова, ки ҳамагӣ аз ӯ бо эҳтиром “апаи Нигина” ном мебаранд, ба гуфтаи Гулрухсори Сафӣ, мисли барқ дурахшиду мисли ахтар хомӯш шуд.



Вай нахустин бор овозхониро дар дастаи ҳаваскорони санъати корхонаи бофандагии шаҳри Душанбе оғоз карда, сипас дар соли 1971 дар ансамбли занҳои рубобнавози Филармонияи давлатии Тоҷикистон идома додааст.

Ӯ аз соли 1975 то дами марг узви дастаи ҳунарии Кумитаи радио ва телевизиони тоҷик буд.



Нигина Рауфова барои хизматҳояш дар рушди фарҳангу санъати тоҷик, бо унвони баланди «Ҳофизи мардумиии Тоҷикистон» (1977) ва дигар нишону ҷоизаҳои ҳукуматӣ қадрдонӣ шудааст.

Мақомоти кишвар хизматҳои Нигина Рауфоваро бо ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллои Рӯдакӣ қадр кардаанд.
XS
SM
MD
LG