Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигина Рауфова дар Лучоб макони охират пайдо кард


Нигина Рауфова, ҳунарманди маъруфи тоҷик, баъд аз зӯҳри чаҳоршанбе дар оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе макони охират пайдо кард. Дар маросими видоъ ва хоксупорӣ масъулини вазорати фарҳанг, кумитаи садову симо, ҳунармандону адибон ва дӯстону мухлисони ин овозхони саршинос ширкат доштанд.
Нигина Рауфова шаби гузашта бар асари сактаи қалбӣ дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт. Ӯ роҳ сӯи қуллаҳои санъатро аз як гурӯҳи ҳунарии корхонаи бофандагии Душанбе шурӯъ карда, 35 соли ахир узви дастаи ҳунарии Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон буд. Ӯ унвони “Ҳофизи мардумии Тоҷикистон”-ро дошт ва ҳамчунин барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллои Рӯдакӣ буд.
XS
SM
MD
LG