Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти афғон барои истирдоди 4 шаҳрванди Тоҷикистон - маҳбусони фирорӣ аз боздоштгоҳи КАМ-и Тоҷикистон, изҳори омодагӣ кардаанд. Нозирҷон Бӯриев, сухангӯи КАМ-и Тоҷикистон гуфтааст, ки баъд аз музокироти тӯлонӣ, Кобул барои истирдоди шаҳрвандони Тоҷикистон розӣ шуд ва ба зудӣ санаи истирдод низ маълум хоҳад гашт.

Ҳамзамон мақомоти Афғонистон аз таҳвили се афғони боздоштшуда ба Тоҷикистон сарпечӣ карда гуфтаанд, ки онҳо аз сӯи додгоҳи Афғонистон маҳкум хоҳанд шуд.

Амалиёти муваффақи боздошти фирориён

Дар пайи амалиёти муштараки ниҳодҳои амниятии Афғонистон, 8 маҳбуси фирории боздоштгоҳи муваққати КАМ -и Тоҷикистон боздошт шуд. Змарай Башарӣ, сухангӯи вазорати дохилаи Афғонистон ба радиои Озодӣ гуфта буд, ки амалиёти боздошти ин афрод рӯзи 18-уми декабр дар вулусволии Дарқади вилояти Тахор сурат гирифт.

Ҷаноби Башарӣ, гуфт, дар миёни маҳбусони фирории боздоштшуда 3 шаҳрванди Афғонистон ва панҷ тани дигар аз Тоҷикистон ҳастанд.

Сухангӯи вазорати корҳои дохилии Афғонистон ин амалиётро натиҷаи ҳамкориҳоии муштараки вазоратхонаҳои корҳои дохилии Афғонистон ва Тоҷикистон унвон карда буд.

Фирори пурсару садо

Ҳамакнун бо боздошти ин афрод тавассути марзбонони афғон, аз 25 маҳбусе, ки рӯзи 23-юми август баъд аз куштори 5 нозир аз боздоштгоҳи тафтишоти пешакии Кумитаи амнияти миллӣ фирор карда буданд, аксарияти онҳо дастгир ва иддае ҳам дар ҷараёни амалиёти фаврии нерӯҳои интизомӣ кушта шудаанд.

Маҳбусони фирорӣ умдатан касоне буданд, ки барои даст доштан дар нооромиҳои соли гузаштаи шарқи Тоҷикистон аз сӯи Додгоҳи олӣ ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуда буданд.

Як ҳафта пас аз фирор Раёсати умури ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон камбудиҳои ҷиддии вазъу шароит ва низоми мавҷуда дар боздоштгоҳи тафтишоти пешакии Кумитаи давлатии амнияти миллиро сабаби асосии фирори 25 зиндонӣ аз ин маҳбас унвон кард.

Рӯзи 2-юми сентябр, раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон фармони барканории Хайриддин Абдураҳимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистонро ба имзо расонд. Истеъфои Абдураҳимов 10 рӯз пас аз фирори 25 зиндонӣ аз боздоштгоҳи кумитаи амният рӯзи 23-юми август ба вуқӯъ пайваст. Ба ҷои ӯ Саймумин Ятимов таъин шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG