Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти ду афсари полис дар Равалпиндӣ


Имрӯз дар Покистон ду афсари полис бо иттиҳоми таъмин накардани амнияти сарвазири пешини кишвар Беназир Бҳутто боздошт шуданд. Саъуд Азиз, афсари полиси Равалпиндӣ ва ёвари ӯ Хуррам Шоҳзод баъди он ба боздоштгоҳ интиқол ёфтанд, ки додгоҳ дархосташон барои тавассути кафолатпулӣ озод шуданро рад кард.
Хонум Бҳутто се сол пеш бар асари таркиш дар гирдиҳамоии ҷонибдоронаш дар шаҳри Равалпиндӣ ба ҳалокат расида буд. Ба иттилоъи тафтишот, Саъуд Азиз ва Хуррам Шоҳзод то ҷамъоварии ҳамаи далелҳои ҷиноят амр кардаанд, ки ҷойи ҳодиса тоза карда шавад.
Дар ташкили куштори Беназир Бҳутто мақомот яке аз раҳбарони “Толибон”-и Покистон Байтулло Меҳсудро айбдор мекунанд, ки соли гузашта ба ҳалокат расид.
XS
SM
MD
LG