Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии Кобул барои истирдоди 4 фирории боздоштшуда


Мақомоти Афғонистон барои истирдоди чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон – маҳбусони фирорӣ аз маҳбаси Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар, ки дар Афғонистон боздошт шудаанд, изҳори омодагӣ кардаанд. Нозирҷон Бӯриев, сухангӯи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ба хабаргузории ИТАР-ТАСС гуфт, ки баъд аз музокироти тулонӣ Кобул барои истирдоди шаҳрвандони Тоҷикистон розӣ шуд ва ба зудӣ санаи истирдод ҳам маълум хоҳад шуд.
Ҳамзамон мақомоти Афғонистон аз таҳвили се афғони боздоштшуда ба Тоҷикистон сарпечӣ карда гуфтаанд, ки онҳо аз сӯи додгоҳи Афғонистон маҳкум хоҳанд шуд.
Ҳафт нафари дар хоки Афғонистон боздоштшуда аз ҷумлаи 25 нафаре мебошанд, ки 23-юми августи соли равон ҷорӣ аз маҳбаси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон фирор карданд. Ҳангоми фирор онҳо панҷ зиндонбонро ба қатл расонда буданд. Баъд аз ин ҳодиса Хайриддин Абдураҳимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз мақом барканор шуд ва курсии ӯро Сайидмӯъмин Ятимов ишғол кард.
XS
SM
MD
LG