Пайвандҳои дастрасӣ

Минск 17 нафарро дар ташкили бенизомиҳо айбдор мехонад


Ҳомиёни ҳуқуқи башари Белорус рӯйхати 17 нафареро нашр карданд, ки алайҳи онҳо бо иттиҳоми ташкили бенизомиҳо дар Минск парвандаи ҷиноӣ боз шудаст. Миёни онҳо шаш номзад ба мақоми раёсатҷумҳурӣ низ ҳастанд. Рӯзи 19 декабр, баъд аз эълони натоиҷи пешакии интихоботи раёсатҷумҳурӣ, кормандони милисаи Белорус ҳамоиши мухолифинро пароканда ва беш аз 600 нафари онҳоро боздошт карданд.
Раиси дафтари матбуоти раёсати умури дохилаи шаҳри Минск Александ Ластовский изҳор намуд, ки ҳамаи боздоштшудаҳо раҳо нахоҳад шуд, зеро бархе онҳо дар “ташкили бенизомиҳо” айбдор мешаванд. Тибқи қонун, барои ташкили бенизомиҳо 15 соли маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ шудааст.
Дар ҳамин ҳол ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо аз сӯи мақомоти Белорус саркӯб шудани нерӯҳои демократиро маҳкум намуданд. Филипп Кроулӣ, намояндаи вазорати умури хориҷии Амрико изҳор намуд, ки раисиҷумҳури Белорус шонси наздик шудан бо Ғарбро аз даст дод ва таҳримҳои Вошингтон алайҳи Минск побарҷой боқӣ хоҳанд монд. Раҳбари идораи сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Кэтрин Эштон, дар навбати худ, даъват кард, ки ҳама мухолифини боздоштшудаи Белорус раҳо карда шаванд.
XS
SM
MD
LG