Пайвандҳои дастрасӣ

Теъдоди қурбониёни таркиш дар Мексика афзоиш ёфт


Дар Мексика теъдоди қурбониёни таркиш дар хатти лӯлаи газ ба 29 нафар расид. Мақомоти аёлати Пуэбла, ки ин ҳодиса он ҷо рӯх додааст, дар бораи аз сӯи наҷотбахшон ошкор шудани ҷасади як тифл хабар доданд.
Таркиш дар шаҳри Тексмелукан баъди он ба вуқӯъ пайваст, ки афроди ношинос мехостанд ғайриқонунӣ аз ин хатти лӯла маводи сӯхт бигиранд. Бар асари таркиш 52 нафар ҷароҳат бардошта, 115 манзил хароб шудааст.
XS
SM
MD
LG