Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кроулӣ: Минск шонси наздик шудан бо Ғарбро аз даст дод


ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо аз сӯи мақомоти Белорус саркӯб шудани нерӯҳои демократиро маҳкум намуданд. Филипп Кроулӣ, намояндаи вазорати умури хориҷии Амрико, изҳор намуд, ки раисиҷумҳури Белорус шонси наздик шудан бо Ғарбро аз даст дод ва таҳримҳои Вошингтон алайҳи Минск побарҷой боқӣ хоҳанд монд. Раҳбари идораи сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Кэтрин Эштон, дар навбати худ, аз мақомоти Белорус даъват кард, ки ҳама мухолифини боздоштшударо раҳо кунанд.
Рӯзи 19 декабр, баъд аз эълони натоиҷи пешакии интихоботи раёсатҷумҳурӣ, мақомоти амниятӣ ва интизомии Белорус садҳо нафар аз эътирозгарон, аз ҷумла, довталабони курсии президентиро боздошт карданд. Айни ҳол 18 тан аз сиёсатмадорону хабарнигорони мухолифи ҳукумат дар ташкили бенизомиҳо дар маркази Минск айбдор мешаванд.
XS
SM
MD
LG