Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳабси абади Мақсудҷон Исматов бознигарӣ шуд


Додгоҳи Дубай ҳукми ҳабси абади шаҳрванди Тоҷикистон Мақсудҷон Исматов ва шаҳрванди Эрон Маҳдӣ Лорниё, ду муттаҳами куштори Сулим Ямадаевро, бо 27 моҳи зиндон иваз кард. Дар ин бора хабарнигори РИА-Новости аз толори додгоҳ хабар дод. Қарор аст, ки додгоҳ ин ҳукмро баъд аз ду ҳафта ташреҳ кунад.
Сӯиқасд ба ҷони фармондеҳи собиқи баталёни “Восток”-и Чеченистон, Қаҳрамони Русия Сулим Ямадаев дар Дубай баҳори соли 2009 ба вуқӯъ пайваста буд. Баъд аз як соли ин куштор додгоҳ Мақсудҷон Исматов ва Маҳдӣ Лорниёро ба ҳабси абад маҳкум намуд. Вакилони дифоъи ҳарду муттаҳам бознигарии ин ҳукмро талаб карда буданд.
XS
SM
MD
LG