Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз Сенати ИМА ба созиш бо Русия раъй медиҳад


Қарор аст, ки имрӯз Сенати ИМА созиш бо Русия оид ба коҳиши силоҳи ҳастаиро тасвиб намояд. Дирӯз сенаторҳо тасмим гирифтанд, ки баҳсу баррасӣ оид ба ин санадро қатъ кунанд. Тибқи хабарҳо, дар раъйдиҳии имрӯз дасти кам 11 сенатор аз ҳизби ҷумҳурихоҳон аз мавқеъи демократҳо пуштибонӣ хоҳанд кард. Бештари аъзои Сенати Амрико аз ҳизби ҷумҳурихоҳон, ки ба ин санад бо назари шубҳа менигаранд, барои ба соли оянда вогузоштани баррасии он пойфишорӣ доранд. Сенатори ҷумҳурихоҳ Лэмар Алекзендер, яке аз пуштибонҳои санад, мегӯяд, "Ман барои тасвиби созиши нави силоҳи стратегӣ миёни Амрико ва Русия раъй медиҳам, зеро теъдоди кофии силоҳи ҳастаӣ ҳифз мешавад, ки бо он ҳама гуна таҷовузкорро метавон несту нобуд кард ва ҳамчунин раисиҷумҳур ӯҳдадор шудааст, ки барои барномаи даҳсолаи таҷдиди силоҳи ҳастаӣ 85 миллиард доллар ҷудо намояд".
Ба пояи созиши миёни Амрикову Русия, ки моҳи апрел аз сӯи Барак Обама ва Дмитрий Медведев имзо шудааст, сеяки силоҳи стратегии ду кишвар аз байн бурда мешавад. Созиш дар ҳоле тасвиб хоҳад шуд, ки агар аз 100 вакили Сенат 67 нафар аз он ҷонибдорӣ кунанд. Ин санад бояд аз сӯи Думаи давлатии Русия ҳам тасвиб шавад.
XS
SM
MD
LG