Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз 22-юми декабр, аз нашри нахустин шумораи ҳафтаномаи «Фараж» чаҳор сол сипарӣ мешавад. 22-юми декабри соли 2006, шумораи аввали он аз дасти чоп раҳо ва ба бозори матбуот ворид шуд. Аммо «Фараж» яке аз нашрияҳои хусусии чопи Душанбе дар ҳоле аз чаҳорсолагии ташкилёбии худ таҷлил мекунад, ки беш аз ду моҳ аст ба нашр намерасад.

Чопхонаҳои хусусӣ ва давлатӣ аз нашри он даст кашиданд. Ин ҳафтанома ба дунболи инъикоси ҳодисаи кушта шудани 25 сарбозу афсари вазорати дифои Тоҷикистон аз сӯи гурӯҳҳои мусаллаҳи вобаста бо Мулло Абдулло ва Алии Бедакӣ дар дараи Камароби ноҳияи Рашт дар рӯзи 19 сентябри соли ҷорӣ, мавриди интиқоди вазорати дифои Тоҷикистон қарор гирифт ва ниҳоят аз чопи он чопхонаҳо даст кашиданд.

Дар ин миён дастрасӣ ба бархе аз сайтҳои интернетӣ дар кишвар маҳуд шуд ва ду нашрияи дигар «Пайкон» ва «Нигоҳ» низ бо айни ин мушкил рӯбарӯ шуданд. Дертар ин сомонаҳо ва нашрияи «Нигоҳ» низ тавонистанд дубора фаъолият дошта бошанд. Вале талошҳои «Фараж» бесамар анҷомиданд ва як- ду шумораеро, ки тавассути принтери ин нашрия ва дар авроқи ғайримаъмулӣ ба чоп расониданд, натавонист масорифи коғаз ва чопро пӯшонад.

Созмонҳои хабарии Тоҷикистон ва хориҷ аз он ва низ намояндагиҳои дипломатии кишварҳои ғарбӣ ва Амрико бо интишори баёнияҳо аз ҳодисаи аз чоп бозмондани ин нашрияҳо изҳори нигаронӣ карданд. Вале оё ин нашрия ҳамин тавр аз байн хоҳад рафт, чуноне нашрияҳои «Рӯзи нав», « Нерӯи Сухан» ва «Оламу одам» дар соли 2004 дар заминаи бо бархурд бо мақомот аз байн рафтанд ва ё ин ки ҳанӯзам барои чопи он талошҳо идома доранд? Хуршеди Атовулло, сардабири ҳафтаномаи «Фараж» дар посух ба ин пурсишҳо гуфт:

Ҷавоб: Аз рӯзи аввале, ки се нашрияи мустақили сиёсӣ «Фараж», «Пайкон» ва «Нигоҳ» аз ҷониби чопхонаҳои ҳам хусусӣ ва ҳам давлатӣ барои муддате нашр карда нашуданд ва дастрасӣ ба панҷ сайти интернетӣ маҳдуд шуд, шурӯъ аз ҳамон рӯз, якҷо бо созмонҳои рӯзноманигории кишвар ва сардабирони як идда аз нашрияҳо, як мактуби дастҷамъона навиштем ба унвони мушовири давлатии раиси ҷумҳур оид ба масоили иҷтимоӣ, ки масоили расонаҳо ҳам ба ӯ рабт мегирад. Вале мутаассифона ба ин нома то ба имрӯз ҷавоб нагирифтаем. Дар идома Анҷумани миллии васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон ё НАНСМИТ ба унвони вазири мудофиаи Тоҷикистон нома ирсол дошт то муайян кунад, ки маркази матбуотии ин вазорат дар изҳороте, ки тариқи телевизион пахш карда буд дар ҳамдастӣ бо террористон кадом рӯзномаҳои алоҳидаро дар назар дошт. Зеро дар онҷо сухан аз расонаҳо мерафт ва аз ягон нашрияи мустақил ё аз ягон васоитаи ахбори электронӣ ном бурда намешуд. То ҷое ман иттилоъ дорам, ба ин мактуб ҳам то ҳанӯз посух наомадааст ва ба дунбол мо як муроҷиатнома навиштем ба унвони президенти Тоҷикистон бо имзои 240 нафар аз рӯзноманигорони Тоҷикистон, ки ба ин қазия расидагӣ кунад ва ҳанӯз мӯҳлати ҷавоб анҷом наёфтааст. Фикр мекунам мо бояд ба он ҷавоб бигирем.

Суол
: Беш аз ду моҳ аст, ки нашрияи "Фараж" чоп намешавад. Оё шумо метавонед бигӯед, ки далели аз нашр бозмондани нашрия чӣ аст?

Ҷавоб:
Ба ҳар мақомоте, ки мо муроҷиат кардем онҳо мегӯянд, ки онҳо дар ин кор даст надоранд. Танҳо пеши мо ҳамон фарзияҳое аст, ки аз назари худи мост. Ин яъне оғоз аз пулакӣ шудани роҳи Душанбе-Хуҷанд, баъзе аз нашрияҳо мисли «Фараж», «Пайкон» ва «Нигоҳ» ба ин масъала сахт таваҷҷӯҳ карда буданд шояд сабаб ин бошад. Ман чунин фикр дорам , ки ин ба нашри мақолаҳое вобастагӣ дорад, ки дар назди далелу бурҳони пешоварда ночору музтар монданд, вагарна ба суд ва ё прокуратура муроҷиат мекарданд. Чун онҳо барои ин суолҳо ҷавоб надоштанд гузаштанд ба роҳҳои дигари мубориза. Яъне барои комилан маҳкам кардани даҳони журналистони ин нашрияҳо ва худи ин нашрияҳо.

Суол: Фикр мекунед «Фараж» дар бозори матбуот ҷойи по пайдо кард ва аз нигоҳи худи Шумо то куҷо тавонистед, ки тӯли ин муддат мавқеъ пайдо кунед?

Ҷавоб: Ба фаъолияти «Фараж» на ман, балки дигар мутахассисон бояд баҳо диҳанд, лекин ман танҳо зикри як нуктаро зарур медонам, ки як нафар аз медиа-магнатҳои маъруфи амрикоӣ гуфтааст, ки нишондиҳандаи фаъолияти асосии рӯзнома ин теъдоди нашри он аст. Аз ин хотир миёни нашрияҳои мустақили сиёсӣ шумори нашри «Фараж» қариб баробари ҳафтаномаи русизабони «Азия-плюс» буд. Ҳато як-ду маротиба теъдоди нашр аз теъдоди нашри бархе дигар аз нашрияҳои мустақили сиёсӣ зиёд буд. Фикр мекунам агар аз рӯи теъдоди нашр миёни нашрияҳои мустақили сиёсӣ бигӯем «Фараж» теъдоди нашри бештар дошт. Ва ин нишондиҳандаи аз ҳама муҳим барои мо ҳам ҳаст. Вале аз ҷониби дигар мавзӯъҳое, ки дар «Фараж» баррасӣ мешуданд дар идома аз он дар дигар нашрияҳои мустақили сиёсӣ пайгирӣ карда шуд. Барои мисол ман метавонам бигӯям, ки ҳодисоти ҷанги шаҳрвандиро, ки аввалин шуда «Фараж» дар ин бора маводҳои ҷиддитарро нашр карда буд, ҳол онки як сол-ду сол пештар аз нашри ин гуна мавод наметавонистӣ дар ин мавзӯъ ҳарф занӣ. Ё ки силсиламақолаҳое, ки вобаста ба заводи алюминийи Тоҷикистон буд. Ин ҳам аввалин маротиба дар ҳафтаномаи «Фараж» чоп шуд. Ё ин ки як мавзӯъи хеле доғи рӯз, ки ҳанӯз ҳам аз сафҳаи матбуот канда намешавад масъалаи пулакӣ шудани роҳи Душанбе-Хуҷанд. Ҳамон холигоҳеро, ки «Фараж» пур мекард ҳамин ҳоло холӣ боқӣ мондааст.

Суол: Шумо дигар талош хоҳед кард, ки ин нашрия чоп шавад ва барои мисол сарнавишти «Рӯзи нав» ва Нерӯи сухан» болои он такрор нашавад?

Ҷавоб:
Ҳанӯз ҳам талошҳои мо барои нашри «Фараж» идома дорад. Чун масъалаи чопи «Фараж» ба мақомоти баландпоя вобастагӣ дорад, аз ин рӯ гуфтушунидҳои мо бо ин доираҳо давом дорад. Яъне муроҷиати мо ба онҳо қатъ наёфтааст. Ва ҳанӯз мо аз онҳо барои идомаи фаъолияти «Фараж» посухи рад нагирифтаем. Ман фикр мекунам, ки паёмади ин кор нек хоҳад буд ва «Фараж» дубора ба дасти хонанда хоҳад расид.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG