Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии сенати ИМА барои як раъйгирии муҳим


Дар сенати Амрико эҳтимолан имрӯз раъйгирӣ дар мавриди тасвиби Паймони нави коҳиши силоҳҳои стротежӣ миёни ин кишвар ва Русия сурат мегирад. Пештар аз ин вакилони сенат бо раъйи мувофиқи 67 вакил ба мубоҳисот дар мавриди ин паймон хотима доданд ва барои тасвиби ниҳоии паймон ҳамин миқдори орои вакилон зарур аст. Роберт Гибс, сухангӯи Кохи Сафед гуфт, ҳукумат умедвор аст, ки сенат паймонро тасвиб мекунад. Бино ба гузоришҳо 11 сенатори Ҳизби Ҷумҳурихоҳ низ тарафдори тасвиби паймон будаанд. Бар асоси Паймони коҳиши нави силоҳҳои стротежӣ миёни Русия ва Амрико, ки моҳи апрел имзо шуд, ҳар ду кишвар бояд теъдоди мушакҳои атомиашонро то 7 соли оянда коҳиш дода ва аз 1550 ададӣ бештар надошта бошанд.
XS
SM
MD
LG