Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ситоиши Барак Обама аз ташкили ҳукумати Ироқ


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, ташкили ҳукумати нави Ироқро табрик гуфт, ки бо ташкили он бунбасти нӯҳмоҳаи сиёсӣ дар Ироқ поён ёфт. Барак Обама, дар як баёнияи расмӣ гуфтааст, пазируфтани аъзои ҳукумати нав дар Маҷлиси Намояндагони Ироқ, “як марҳилаи муҳим дар таърихи Ироқ ва қадами бузурге ба самти ваҳдати миллӣ аст”. Барак Обама ва Ҷо Байден муовини ӯ бо Нурӣ Ал-Моликӣ, нахуствазири Ироқ телефонӣ сӯҳбат кардаанд. Ҷо Байден ҳукумати навии Ироқро фарогир ва инъикоскунандаи натиҷаи интихоботи моҳи март хондааст. Бар асоси созиш, дар ҳукумати нави Ироқ намояндаҳои гурӯҳҳои асосӣ шиъаву сунниҳо ва курдҳо шомил шудаанд, аммо ҳоло тавофуқ бар сари номзадҳо ба вазоратҳои қудратии Ироқ ба даст наомадааст.
XS
SM
MD
LG