Пайвандҳои дастрасӣ

Белорус 600 фаъоли мухолифинро ба зиндон андохтааст


Дар Ҷумҳурии Белорус ба думболи саркӯбии тазоҳуроти мӯътаризони натиҷаҳои интихоботи раёсати ҷумҳур, ки дар он Александр Лукашенко пирӯз шуд, 600 тан аз фаъолони мухолифини давлатро ба зиндон андохтаанд. Вазорати умури дохилӣ гуфт, тазоҳургарони боздоштшударо аз 5 то ба 15 рӯзи зиндон маҳкум кардаанд. Панҷ тан аз ҳафт номзадҳои мухолифон ба мақоми раёсати ҷумҳур, ки рӯзи якшанбе дастгир шуданд, ҳамчунон дар боздоштгоҳанд. Виктор Голованов, вазири адлияи Белорус гуфт, аҳзобе, ки ба тазоҳурот иртибот доштанд, шояд аз байн бурда мешаванд. Рӯзи сешанбе даҳҳо нафар дар назди боздоштгоҳи шаҳри Минск ба нишони ҳамраъйӣ бо боздоштшудаҳо ҷамъ омада, шамъ афрӯхтанд, вале баъди амри пулис пароканда шуданд. Кишварҳои ҷаҳон саркӯбии тазоҳургарон аз тарафи мақомоти Белорусро ба шиддат маҳкум карданд.
XS
SM
MD
LG