Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти панҷ нафар бо иттиҳоми ифротгароӣ


Мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, панҷ нафарро бо иттиҳоми узвият ба Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон, ки як созмони террористӣ хонда мешавад, дастгир карданд. Хабаргузории «Азия Плюс», мегӯяд, тамоми ин афрод сокинони шаҳри Истаравшан ҳастанд ва тайи чаҳор соли ахир ба Ҳаракати Исломии Ӯзбакистоне пайвастанд. Хабаргузорӣ аз қавли як манбаъ дар вазорати умури дохила навиштааст, ин афрод мардумро алайҳи мақомоти интизомӣ шӯронида ва ба ташкили низоми исломӣ дар Тоҷикистон даъват мекарданд. Фаъолияти Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон, ки авоили солҳои 90 дар ин кишвар таъсис ёфтааст, дар қаламрави тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ мамнӯъ аст.
XS
SM
MD
LG