Пайвандҳои дастрасӣ

Порлумони Ироқ ба ҳайъати нави кобинаро пазируфт


Порлумони Ироқ баъд аз нӯҳ моҳи бунбасти сиёсӣ дар ниҳоят, ба ҳайъати нави ҳукумат раъйи эътимод дод. Вакилони мардумӣ ҳамчунин дигарбора Нурӣ Ал-Моликиро нахуствазир баргузиданд. Дар интихоботи рӯзи 7 март дар Ироқ, ҳеҷ яке аз аҳзоби сиёсӣ, курсиҳои кофӣ барои ташкили ҳукумат ба даст наоварданд ва порлумони дорои 325 курсӣ тайи нӯҳ моҳ натавонист, ҳукуматро ташкил диҳад. Ҷиноҳҳои шиъа ва суннимазҳаб ва курдҳои Ироқ моҳи гузашта тавофуқ карданд, то Нурӣ Ал Моликӣ барои як даври дигар нахуствазир бимонад.
XS
SM
MD
LG