Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Украина аз саркӯбии тазоҳурот дар Белорус


Давлати Украина аз истифодаи нерӯ алайҳи мӯътаризон аз натиҷаҳои интихоботи раёсати ҷумҳури Белорус ибрози нигаронӣ кард. Олег Волошин, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Украина гуфт:“Мо аз истифодаи беш аз ҳадди нерӯ алайҳи тазоҳургарон ва хабарнигорон, бархӯрди аъзои мухолифини давлат бо нерӯҳои интизомӣ ва боздошти баъзе аз номзадҳо нигарон ҳастем." Олег Волошин ҳамчунин гуфт, кишвараш арзёбии нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ба инобат мегирад, ки интихоботи Ҷумҳурии Белорусро ноқис ва ғайридемократӣ хонданд. Дар интихобот ба гуфтаи мақомот Александр Лукашенко, бо касби тақрибан 80 дар сади орои мардум пирӯз шуд.
XS
SM
MD
LG