Пайвандҳои дастрасӣ

Маҷаллаи амрикоии “Time” Ipad, фаровардаи ширкати “Apple”-ро беҳтарин гаҷет ё василаи фаннии соли 2010 унвон кард.

Мақомҳои баъдиро дар ин раддабандӣ телефони ҳамроҳи навъи Samsung Galaxy, компутари навъи Mаcbook ва хадамаи телевизионии Google TV ҳамроҳ бо василаи бозиҳо, мавсум ба Logitech Revue ишғол кардаанд. Телефонҳои оқили Nexus One ва IPhone 4, ки бо иддаоҳои хеле баландтаре вориди бозор шуда буданд, ғайримунтазира дар ҷадвали имсолаи гаҷетҳои беҳтарини сол танҳо мақомҳои панҷуму шашумро гирифта, даҳгонаи маҷаллаи “Time”-ро Nook Color, василаи вижае барои хондани матнҳо, ё худ букридер ҳусним анҷом бахшидааст.

"Wikileaks” дигар бозӣ шуд


Дар шабакаи Интернет бозии наве бо номи "Wikileaks: The game" пайдо шудааст, ки ба моҷарои бархоста дар атрофи ин сомона ва асосгузораш Ҷуллиан Ассанж ихтисос ёфтааст. Ин бозии шӯхиомезро барномасози ҳолландӣ Себастян Муйс сохта, қоидаи бозӣ ин аст, ки бояд дар айни хоби раисиҷумҳури Амрико Барак Обама вориди Кохи Сафед шуд ва асноди махфиро аз компутари ӯ дуздид. Қарор аст, пиромуни "Wikileaks” ва Ҷуллиан Ассанж 4 филми мустанад ё ҳунарӣ низ бардошта шавад. Барои иҷрои нақши аввал дар якеи онҳо ҳатто ҳунарманди маъруф Бред Питтро даъват кардаанд.

Ҷустуҷӯ бе Google тасаввурнопазир аст

Ширкати Google ҳамчунон бузургтарин ширкати ҷустуҷӯҳои интернетии ҷаҳон боқӣ мемонад. Бино ба ҳисобҳои мухталиф, 90 дарсади ин бозор ҳамоно ба Google тааллуқ дошта, саҳми рақиби аслиаш – Bing, хадамаи ҷустуҷӯии фаровардаи ширкати Microsoft ҳанӯз ҳамагӣ 4 фоиз будааст. Ин дар ҳолест ки манобеъи наздик ба Bing саҳми феълии он дар бозори ҷустуҷӯҳои интернетиро 12 фоиз рақам мезананд ва мегӯянд, қарордоди ҳамкорие, ки Bing дар моҳи август бо Yahoo баст, имкон медиҳад, ки Bing ҷои пои Google-ро дар ин бозор боз ҳам тангтар кунад. Аммо дар бозори ҷустуҷӯҳои интернетии Русия бо Google хадамаи русии “Яндекс” дасту панҷа нарм кардааст. “Яндекс” феълан зери 49 дарсади ин бозорро дар даст дорад, вале Google аз “Яндекс” ҳамагӣ 0,3 фоиз ақиб мемонад.

Ҳайвонот ва рустаниҳои ишғолгар


Таҳқиқоти донишмандони Аврупо ҳокист, ки ҳайвонот ва набототи воридотӣ дар муҳити ҷадид наметавонанд худро пурра боз кунанд ва дар зарфи даҳсолаҳо ҳамчун ҳайвон ва рустании “ишғолгар” амал хоҳанд кард. Бар асоси ин таҳқиқот, анвоъи ба истилоҳ “омада” дар муҳити ҷадид фазоро барои ҳайвонот ва рустаниҳои “таҳҷоӣ” хеле танг мекунанд. Хабаргузории Ройтерс менависад, ки ҳазинаи чунин “рафтор” танҳо барои қораи Аврупо дар сол 12 миллиард евроро ташкил медиҳад.

Музоядаи гаронтарин компутар

Дар еBay, бузургтарин музоядаи интернетӣ як компутари нодири навъи Apple Lisa 1, фаровардаи ширкати Apple ба фурӯш гузошта шудааст. Ин компутар, ки сохти соли 1983 буда, ягон шумораи тавлидотӣ надорад, ғолибан аз сӯи худи ширкат истифода мешуд. Нархи Lisa 1 дар ҳамон овон аз 10 000 доллар камтар набуд ва дар музояда низ қиматаш алакай то ба 25 100 доллар хез кардааст. Моҳе пеш Apple 1, нахустин компутари тавлиди ширкати Apple-ро коллексионери итолиёӣ Марко Болоне аз музоядаи маъруфи Christie’s дар Лондон бо қимати баланди қариб 210 000 доллар харидорӣ карда буд.

Ва таъсири компутар ба пурхӯрӣ


Як таҳқиқоти хурде дар Амрико анҷомшуда мегӯяд, тановули ғизо дар назди компутар метавонад иштиҳои инсон ба шириниҳоро хеле биафзояд. Муҳаққиқон бар пояи таҳқиқи рафтори 44 марду зан маълум кардаанд, ки фурсати ғизохӯрии онҳое, ки ҳамзамон бо бозӣ дар компутар ғизо мехӯрданд, назар ба онҳое, ки дар вақти хӯрдани таом аз кор дар компутар худдорӣ мекарданд, ним соат бештар тӯл мекашид. Ва табъан афроди саргарми бозӣ фаромӯш мекарданд, ки дар хӯрдани ғизо ё ширинӣ аз ҳадди мумкин убур мекунанд.
XS
SM
MD
LG