Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Путин тарҳи лавҳаи ёдгории хотираи қурбониёнро эълон кард


Имрӯз Владимир Путин-нахуствазири Русия тарҳи лавҳаи ёдгориеро, ки ба хотираи қурбониёни Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ бахшида мешавад, эълон кард. Ин лавҳа ба ҷои муҷассамае сохта мешавад, ки соли 2008 дар ҷараёни ҷанги мухтасари Русия ва Гурҷистон тахриб шуд. Путин зимни суханони худ дар Маскав тахриби лавҳаи аслии ёдгорӣ дар шаҳри Кутаисии Гурҷистонро ваҳшоният номид. Нино Бурҷанадзе ва Зураб Ногайделӣ-раҳбарони мухолифони Гурҷистон дар маросими муаррефии тарҳи лавҳаи нави ёдгорӣ ширкат карданд.
XS
SM
MD
LG