Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Рум бамро дар як вагони метро хунсо карданд


Мақомоти Италия мегӯянд, имрӯз дар зери курсии яке аз вагонҳои метрои шаҳри Рум моддаи мунфаҷира пайдо кардаанд. Коршиносони моддаҳои мунфаҷира мегӯянд, ин бам наметавонист мунфаир шавад, зеро ноқил бо детонатор васл набудааст. Бо вуҷуди ин, дар ин баста ҳамаи моддаҳо ва ноқилҳои зарурӣ вуҷуд доштааст. Соли гузашта дар остонаи иди Милоди Масеҳ як шаҳрванди Нигерия моддаи мунфаҷираро дар зери либосҳои таҳпӯши худ пинҳон карда буд ва мехост ҳавопайморо бо надик шудан ба фурудгоҳи Детройт битарконад.
XS
SM
MD
LG