Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муаллимони Қирғизистон даст ба тазоҳурот заданд


Бино ба гузориши бахши қирғизии радиои Озодӣ, имрӯз дар шаҳри Ботканд ҳудуди 60 нафар муаллимони мактабҳои ибтидоӣ ба нишонаи эътироз бар зидди дастмузди ночиз дар назди бинои шаҳрдорӣ тазоҳурот анҷом додаанд. Даҳ рӯзи пеш муаллимони мактабҳои чанд деҳи атрофи Ботканд ба мақомоти ноҳияи Ботканд номае фиристоданд ва афзоиши дастмузди худро тақозо карданд. Онҳо ҳамчунин хостори додани имтиёз дар пардохти ҳақи истифодаи барқу газ ва амсоли он шуда буданд. Вале мақомоти ноҳия ба ин нома посух надоданд.
XS
SM
MD
LG