Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳимтарин таҳаввулоти сол кадом буд?


Тоҷикистон соли 2010-ро бо як шуру ғулғулаи меҳанпарастӣ, зери парчами нирӯгоҳи барқи обии Роғун оғоз кард. Дар зимн тақрибан аксари мардуми кишвар ба саҳҳоми нирӯгоҳи Роғун табдил шуданд. Ва ин шуру ҳамҳама се моҳи аввал идома кард, вале баъдан оромтар ва дар оғози нимсолаи дуввуми сол тақрибан хомӯш шуд.

Дар ин миён интихоботи вакилон бар парлумони Тоҷикистон доир гардид ва нокомии дубора аҳзоби мухолиф ва пирӯзии навбатии ҳизби ҳокими халқӣ-демократии таийд шуд. Аҳзоби мухолиф ин бор ҳам, ба қавле, хомӯшона ба натоиҷи ин интихобот эътироз карданд.

Интиҳои баҳор, дар моҳи май офати табиӣ бар сари мардуми Тоҷикистон, хусусан мардуми шаҳри Кӯлоб фоҷеа овард, ки пурқурбонӣ буд ва ин фоҷиа дубора мардуми Тоҷикистонро дар мавриди дасти бародарӣ дароз кардан ба мардуми кулфатзада ба ваҳдат овард.

Баъдан фирори 25 маҳбус аз боздоштгоҳи муваққати кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон мардумро зери ҳаросу ваҳм қарор дод ва аммо боз ҳам мардум ҷиҳати боздошти фирориёни маҳбас аз мақомоти интизомии кишвар пуштибонӣ нишон доданд.

Ба дунболи ин, фоҷеаи кушта шудани сарбозон ва нооромиҳои сиёсӣ дар Рашт мардумро нигарон кард, ки неруҳои қудративу интизомӣ ва артиши миллӣ заъфи худро ошкоро ба намоиш гузоштанд.

Аммо баробар ба ин ихтилофоти Тоҷикистон бо Ӯзбакистон бар сари нерӯгоҳи барқи обии Роғун идома дошт, ки ба дунбол бастани роҳҳи оҳан ва ҳатто ҳавоӣ барои Тоҷикистонро дошт. Ва албатта дар раванди ин ҳама ҳаводис таҳаввулоти дигар низ ҷараён гирифт, ки каме беш дар хотирҳо низ боқӣ мондааст.

Пас ба хотири мардум чи ҳаводиси соли 2010 боқӣ мондааст ва чи таҷаввулоти солро аз муҳимтарин унвон мекунанд:

Муҳимтарин таҳаввулоти сол
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:57 0:00
XS
SM
MD
LG