Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳизбҳои эътирозгари Беларус барҳам мехӯранд?


Ҳукумати Беларус имрӯз гуфт, ҳизбҳоеро, ки шоми рӯзи якшанбе баъд аз интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Минск тазоҳуроти густардаи эътирозӣ ба роҳ андохтанд, мумкин аст, барҳам хӯранд. Хабаргузориҳои Русия аз қавли Виктор Голоянов-вазири адлияи Беларус гуфтаанд, ҳукумат бозрасӣ хоҳад кард, ки кадоме аз ҳизбҳои сисёсӣ дар ин тазоҳурот ширкат доштаанд ва масъалаи лағви онҳоро матраҳ хоҳад кард. Пулиси Беларус то ҳол аз 9 номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ 5-тои онҳоро боздошт кардааст. Ҳизбҳои сисёсӣ мегӯянд, дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, ки акнун Александр Лукашенко пирӯз эълон шудааст, ба тақаллуб роҳ додаанд.
XS
SM
MD
LG