Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳинду Русия як силсила санадҳои ҳамкорӣ имзо карданд


Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия дар оғози боздиди расмии худ аз Ҳиндустон дар Деҳлӣ як силсила санадҳои ҳамкорӣ имзо кард. Ба ин қарордодҳои ҳамкорӣ қарордоди деринтизори такмили муштараки насли ҷадиди ҳавопаймоҳои ҷангӣ низ дохил мешавад. Қарордоди дигар дар бораи тавсеаи тавоноии яке аз ниругоҳҳои ҳастаӣ дар ҷануби Ҳиндустон аст. Дар ин минтақа ҳоло Русия ду ниругоҳи ҳастаӣ бунёд мекунад. Баъд аз музокира бо Медведев Манмуҳон Сингҳ-нахуствазири Ҳинд дар нишасти хабарӣ гуфт, имзои чунин санадҳо нишонаи густариши ҳамкориҳост:

"Мо чанд санади муҳим имзо кардем, ки бахшҳои бузургро дар бар мегирад. Ин бозтоби тамоюли мо барои тавсеаи ҳамкориҳо дар бахшҳои дигар бо ҳамкориҳои қавии суннатӣ дар заминаҳҳои ҳастаӣ ва дифоъ мебошад".


Раиси ҷумҳури Русия низ аз имзои ин санадҳои ҳамкорӣ ситоиш кард. Вай ҳамчунин изҳор дошт, ки аз дархости Ҳиндустон дар мавриди ишғоли як курсии узви доимӣ дар Шӯрои Амнияти СММ ҷонибдорӣ хоҳад кард. Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико низ аз ин хости Ҳиндустон ҳимоят карда буд.
XS
SM
MD
LG