Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бесарпаноҳон


Сарвар Ниёзбекова, яке аз шаш хонаводаи бар асари сел бесарпаноҳмондаи деҳаи Басиди ноҳияи Рӯшон ҳаст, ки бурёкӯбон ва тақдими калиди хонаҳои навро ба офатзадагони навоеҳи Кӯлоб ва Ванҷ аз оинаи нилгун тамошо карда, умедвор буданд, ки навбати онҳо низ мерасад.

Аммо сармо ин хонаводаҳоро дар хайма дарёфта касе онҳоро суроғ накард ва акнун онҳо ба хонаҳои хешу таборашон тақсим шуданд. Ба гуфтаи Сарвар, бинобар тангии ҷой ва мушкилоти иҷтимоӣ ҳолатҳое ҳастанд, ки волидайн дар як хона ва фарзандон дар хонаи дигар «меҳмони иҷборӣ» гардидаанд.

Сардори ситод оид ба ҳолатҳои фавқуллодаи Бадахшон Дӯсти Худоёров изҳор дошт, ки ба ин хонаводаҳои пурра зарардида аз сел дар моҳи июн 1400 сомонӣ кумакпулӣ ироа шудааст. Мақоми аввали вилояти дар пайи дидор аз ҷойи ҳодиса дар маҳалли Басид, хонаводаҳои бесарпаноҳмондаро ба бонкҳои вилоятӣ вобаста карда, аз онҳо тақозо намудаааст, ки мувофиқи имконият ба зарардидагон кӯмак кунанд. Аммо то ба ҳол фақат «Содиротбонк» ба яке аз бесарпаноҳмондагон 15 ҳазор сомонӣ ҷуброн намуда, дигар бонкҳо ҳанӯз дар ҷустуҷӯи маблағ ҳастанд. Сарвар Ниёзбекова мегӯяд, ки дар мулоқот бо раиси вилоят, ба хонаводаҳои боқимондаи зарардида то баҳор аз бонкҳо расидани ҳадди ҳақал 10 ҳазор сомонӣ ваъда шудааст, аммо бо ин маблағ бунёди сарпаноҳ ғайримкон мебошад.

Сармутахассиси шӯъбаи сохтмони асосии мақомоти вилояти Мамадмусо Мамадносиров мегӯяд, ки барои бунёди хонаи урфии аз сангу гил ва ба тариқи ҳашар сохташуда, ҳадди ақал 45 ва ё 50 ҳазор сомони лозим аст. Ба қавли вай, дар муқоиса барои сохтмони ду ҳуҷраи замонавӣ дар шаҳраки Ваҳдати Ванҷ қариб 160 ҳазор сомонӣ масраф гардида, хонасози хароҷоти зиёдро талаб мекунад.

Коршиносон мегӯянд, ки cокинони деҳоти дурдаст на фақат аз бероҳи ва адами барқу васоити мухобироти ранҷ мебаранд, балки бартарафсозии оқибатҳои офати табии дар ин маҳаллҳо низ ба мушкилоти бештаре дучор мешавад.

Хонаводаҳои бесарпаноҳи маҳалли Басидро қаторкӯҳҳо аз чашми роҳгузарони масири Душанбе-Хоруғ паноҳ месозанд ва танҳо пайдо шудани афроде аз ин хонавода бо арзу шикоят дар маркази вилоят, масъулинро нороҳат месозад.
XS
SM
MD
LG