Пайвандҳои дастрасӣ

Эътисоби коргарони нақлиёти шаҳрии Харков идома дорад


Кормандони бахши нақлиёти Украина дар шаҳри Харков гуфтаанд, ки онҳо то замони пурра пардохт шудани қарзи моҳонаҳояшон ба эътисоби худ идома медиҳанд. Эътисоби онҳо рӯзи душанбе оғоз шуд ва дар ин шаҳри дорои 1,5 миллион нафар аҳолӣ, яъне дуввумин шаҳри бузурги Украина троллейбусу трамвайҳо ҳаракат намекунанд. Дар оғоз кормандони нақлиёт гуфтанд, ки эътисоби онҳо як рӯз давом мекунад. Вале баъдтар тасмим гирифтанд, ки эътисоб давом хоҳад кард, то замоне, ки ба онҳо тақрибан 3,8 миллион доллар қарзи моҳона пардохт шавад.
XS
SM
MD
LG