Пайвандҳои дастрасӣ

Идомаи мушкили парвозҳо дар Аврупо пеш аз Милоди Масеҳ


Идомаи бориши барф дар Аврупо душвориҳои изофиро барои ононе, ки ба таътилоти иди Милоди Масеҳ ё Крисмас мераванд, пеш овардааст. Фурудгоҳҳои Лондону Порис ва Франкфурту Амстердам ва Бруссел имрӯз парвозҳоро лағв кардаанд. Мусофирони ба ғазабомада талош доранд, то рӯзҳои иди Милод худро ба хонаҳояшон расонанд. Ҳазорон нафар акнун се шабонарӯзро дар фурудгоҳҳо дар рӯи замин рӯз мекунанд. Дар Британия даъват кардаанд, ки ба фаъолияти яке аз ширкатҳои хусусӣ, ки хадамоти фурудгоҳи Ҳитрови Лондонро бар ӯҳда дорад, бозрасӣ шурӯъ шавад. Аз ин ширкат интиқод мекунанд, ки дар рӯзҳои бориши барф поксозии барфро хуб барномарезӣ накардааст ва воситаву таҷҳизоти худро ба ин кор мукаммал омода насохтааст.
XS
SM
MD
LG