Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Эрон 4 ислоҳотталаб боздошт шуданд


4 нафар ислоҳотталабони ҷавони Эрон баъд аз даъват ба дафтари додситонӣ дар зиндони Эвин ба зиндон андохта шуданд. Онҳо танзнависони нашрияҳои ислоҳталаб Ҳодӣ Ҳайдарӣ, Муҳаммад Шофеӣ ва Алӣ Ризо Тоҳирӣ-аъзои бахши ҷавонони Ҷабҳаи Мушорикати Эрон ва ва Фотима Арабсурхӣ-духтари ислоҳотталаби зиндонӣ Файзуллоҳ Арбасурхӣ мебошанд. Сабаби боздошти ин афрод эълон нашудааст. Соҷида- хоҳари Фотима Арабсурхӣ гуфтааст, хоҳари вай дар утоқи якнафарӣ нигаҳдорӣ мешавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG