Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медведев дар Деҳлӣ бо раҳбарони Ҳинд мулоқот мекунад


Интизор меравад, ки имрӯз Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия дар ҷараёни боздидаш аз Ҳиндустон дар Деҳлӣ бо Манмуҳон Сингҳ-нахуствазир ва Пратибҳа Патил-раиси ҷумҳури ин кишвар дидор ва гуфтугӯ кунад. Бино ба гузоришҳо, Медведев умед дорад, ки ҷониби Ҳиндустонро барои аз сар гирифтани ҳамкориҳо дар заминаи икмолоти низомии Русия ташвиқ кунад. Ба ин ҳамкориҳо қарордод роҷеъ ба фурӯши ҳавопаймоҳои ҷангии Русия дохил хоҳанд шуд. Медведев ҳамчунин мехоҳад ҳамкориҳоро дар бахшҳои энержии ҳастаӣ ва тиҷорат густариш диҳад ва бад-ин тариқ дар бозори Ҳиндустон бо Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико ба рақобат пардозад.
XS
SM
MD
LG