Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Миллионҳо нафар аз хадамоти телефонӣ маҳрум шуданд


Имрӯз Туркманистон муҷаввизи яке аз пешкашкунандагони аслии хадамоти телефонҳои ҳамроҳ ё мубайли Русияро муттаваққиф сохт ва миллионҳо нафар аз хадамоти телефонӣ маҳрум шуданд. Вазорати мухобироти Туркманистон мегӯяд, ширкати Mobile TeleSystems-и Русия, ки 80 дарсади хадамоти телефонҳои ҳамроҳро дар Туркманистон дар ихтиёр дорад, барои як моҳ бста хоҳад буд. Мӯҳлати қарордоди ширкати мазкур бо ҷониби Туркманистон имрӯз ба поён расидааст. Ҳамзамон ҷониби Туркманистон тақозо кардааст, ки 50 дарсади саҳмияи ин ширкатро моли худ кунад. Вале ҷониби Русия розӣ нест ва гуфтааст, ки бо муттаваққиф сохтани муҷавиз кори ширкат дар Туркманистон ба поён намерасад.
XS
SM
MD
LG