Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Стротегияи танзими бозори кори Тоҷикистон таҳия шудааст


Қарор аст вазорати кор в ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон пешнависи "Стратегияи рушди бозори кор дар Тоҷикистон то соли 2020"-ро дар оғози соли нав ба ҳукумати кишвар пешниҳод кунад. Даврон Валиев-раиси раёсати ҳифзи иҷтимоии вазорати кор ва ҳифзи иҷтимоӣ ба хабаргузории "Азия-Плюс" гуфтааст, санади мазкурро коршиносони вазорат дар ҳамкорӣ бо коршиносони байналмиллалӣ, созмонҳои иҷтимоӣ ва идораҳои зидахли Тоҷикистон бо кӯмаки молии Иттиҳодияи Аврупо таҳия кардаанд. Ҳадафи ин барнома танзими бозори кор дар дохили Тоҷикистон арзёбӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG