Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сенати Амрико ба ҷонибдорӣ аз СТАРТ рай дод


Дар Сенати Амрико демократҳо талошҳои ақалияти ҷумҳурихоҳро, ки мехостанд дар Аҳдномаи нави коҳиши аслиҳаи стротегии миёни Амрикову Русия тағирот ворид кунанд, бабод доданд. Кохи Сафед мегӯяд, акнун мутмаин аст, ки Сенат қабл аз таътилоти иди Милоди Масеҳ ё Крисмас ин санади муҳимро ба тасвиб мерасонад. Роберт Гиббс-сухангӯи Кохи Сафед гуфт:

"СТАРТ дар Конгресс низ қабл аз таътилоти иди Милоди Масеҳ рай хоҳад гирифт. Ин Аҳдномаест, ки музокирот роҷеъ ба он моҳҳо идома дошт ва моҳи апрел дар Прага ду раиси ҷумҳур дар он имзо гузоштанд".


Сенаторҳои ҷумҳурихоҳ умед доштанд, ки дар ин Аҳднома тағирот ворид ва мушакҳои бештар мустақар мекунанд. Рӯзи душанбе Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷаи Русия бар зидди ҳар гуна тағирот дар ин Аҳднома ҳушдор дода буд ва гуфт, Русия дубора роҷеъ ба ин Аҳднома ба музокира нахоҳад нишаст. Ин аҳдномаро Барак Обама ва Дмитрий Медведев-руасои ҷамоҳири Амрикову Русия моҳи апрели соли ҷорӣ имзо карда буданд.
XS
SM
MD
LG