Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ҷануби Эрон зилзилаи маргбор рух дод


Зилзилае ба шиддати 6,5 дараҷаи ҷадвали Рихтер дар ҷануби шарқи Эрон харобиҳо ва қурбониҳо дар пай доштааст. Исмоил Наҷҷор-устондори Кирмон ба хабаргузории Меҳри Эрон гуфтаст, дастикам 7 нафар кушта, садҳо нафар маҷрӯҳ ва садҳо нафари дигар дар зери харобиҳо мондаанд. Телевизиони давлатии ин кишвар хабар додааст, ки се деҳа аз зилзила хароб шудааст. Маркази зилзила дар атрофи деҳаи Ҳусейнобод будааст. Баъди зилзилаи аслӣ 20 дафъаи дигар замин ларзидааст. Хатҳои интиқоли барқ ва мухобирот қатъ шудааст.
XS
SM
MD
LG