Пайвандҳои дастрасӣ

Эътрози беш аз 100 нафар нафақахӯр дар шаҳри Кӯлоб


Беш аз 100 нафар нафақахӯрон аз шаҳри Кӯлоб ва ноҳияҳои атрофи он барои эътироз дар назди бинои "Амонатбонк"-и Кӯлоб гирдиҳам омадаанд. Хабарнигори радиои Озодӣ дар ин минтақа мегӯяд, сабаби эътирози онҳо пардохт нашудани ҳақи 4 моҳаи нафақаи онҳо будааст. Дар посух ба эътирози нафақахӯрон командони "Амонатбонк" дар шаҳри Кӯлоб гуфтаанд, сабаби пардохт нашудани нафақа ворид нашудани маблағҳо аз Фонди нафақа будааст. Аз моҳи сентябри соли ҷорӣ то ҳол мизони қарзи нафақа дар шаҳр ва ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб 1-миллион сомонӣ ё беш аз 200 ҳазор долларро ташкил медиҳад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG