Пайвандҳои дастрасӣ

Талошҳои вакилони ҷумҳурихоҳи сенати ИМА натиҷа надод


Вакилони Ҳизби демократ дар сенати Амрико талошҳои ҷумҳурихоҳон барои ислоҳи як паймони муҳими стротежии коҳиши силоҳҳои атомӣ миёни Амрико ва Русияро беасар карданд. Ҳукумати Амрико мӯътақид аст, ки сенати ин кишвар қабл аз анҷоми кораш дар соли равон, паймони муҳими стротежии коҳиши силоҳҳои атомӣ бо Русияро тасвиб хоҳад кард. Вакилони Ҳизби Ҷумҳурихоҳ, ки дар сенат аққалият ҳастанд, хоҳони ислоҳи паймон буданд, зеро ба гуфтаи онҳо паймон ихтиёроти Амрико дар амри дифоъи амнияти миллиро маҳдуд мекунад. Аммо сенаторҳои демократ, ба ислоҳи паймон мухолифат карданд. Рӯзи душанбе Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия гуфт, дар сурати ислоҳи паймон кишвараш аз он даст хоҳад кашид. Аҳдномаи коҳиши силоҳҳои стротегии миёни Русия ва Амрико моҳи апрел аз тарафи раисони ҷумҳури ду кишвар имзо шуд ва бар асоси он то 7 соли оянда мушакҳои ҳастаии стротегии ду кишвар набояд бештар аз 1550 ададро ташкил диҳад.
XS
SM
MD
LG