Пайвандҳои дастрасӣ

Дастури Раҳмон барои бозгардонидани донишҷӯёни боқимонда


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дастур додааст, то донишҷӯёни боқимондаеро, ки дар мадрасаҳои исломии хориҷӣ ғайриқонунӣ таҳсил мекунанд, ба ватан баргардонанд. Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора рӯзи душанбе зимни машварат бо аъзои ҳукумат ва ҳамчунин намояндагонаш дар маҳалҳо сухан гуфтааст. Ҳукумати Тоҷикистон тайи чанд моҳи ахир бештар аз 800 нафар аз наврасону ҷавонони тоҷикро аз мадрасаҳои исломии Мисру Покистону Эрону Арабистони Саудӣ ба кишвар баргардонд. Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояш аз волидони тоҷик хоста буд, фарзандонашонро ба мадрасаҳои исломии хориҷӣ нафиристанд, зеро ба гуфтаи раиси ҷумҳур аз онҳо террорист ва ё экстремист тарбия мекунанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG