Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Александр Лукашенко ба мухолифони давлат


Ба думболи саркӯбии шадиди тазоҳургарони мухолифи давлат дар шаҳри Минск, Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Белорус ҳушдор дод, дар кишвараш “инқилоб ва ё ҷинояткорӣ” нахоҳад шуд. Ӯ дирӯз гуфт: “Ман боитминон ба шумо эълом мекунам, ки ҷанг дирӯз дар кишвари мо ба поён расид. Мо дигар ҳеҷ гоҳ талошҳо барои ноамн кардани авзоъ дар кишварро таҳаммул нахоҳем кард.“ Рӯзи якшанбе дар пайи эъломи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, ки Александр Лукашенкоро пирӯзи он эълом карданд, ҳазорон нафар мӯътаризон аз натиҷаҳои интихобот ба хиёбонҳои Минск рехтанд ва бархӯрди хашини нерӯҳои пулис рӯ ба рӯ шуданд. Садҳо нафар аз тазоҳургарон аз ҷумла 7 номзади мухолифин ба мақоми раиси ҷумҳурро боздошт карданд. Нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, аз шеваи баргузории интихобот дар Белорус интиқод карданд, ки ин арзёбӣ ба кӯмакҳои Иттиҳодияи Аврупо ва тақвияти ҳамкориҳои ин иттиҳодия бо Белорус беасар нахоҳад буд.
XS
SM
MD
LG