Пайвандҳои дастрасӣ

Интиқоди вазири Фаронса аз амалкарди давлати Эрон


Фредерик Миттеран, вазири фарҳанги Фаронса, давлати Эронро барои зиндонӣ кардани Ҷаъфар Паноҳӣ, як филмсози тарафдори мухолифин интиқод кард. Додгоҳи Эрон Ҷаъфар Паноҳиро ба шаш соли зиндон маҳкум ва ҳамчунин ӯро аз филмсозӣ ва сафар ба хориҷ барои 20 сол маҳрум кард. Ба гуфтаи Фредерик Миттеран, мақомоти бо ин ҳукми дурӯғе мехоҳанд монеъи нишон додани истеъдоди ин коргардон шаванд. Вазири фаронсавӣ, ҳамчунин ҳукмро, “як ҳамлаи ғайриқобили қабул” ба ҳаққи озодии баёни Паноҳи хонда ва хостори раҳоии ӯ шуд. Ҷаъфар Паноҳӣ, ки дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ ҷоизаҳои зиёде ба даст овардааст, аз тарафдорони Мирҳусайни Мӯсавӣ, номзад ба мақоми раиси ҷумҳур дар интихоботи баҳсбарангези соли 2009 дар Эрон буд. Мақомот ӯро ба иқдом алайҳи ҳукумати феълӣ муттаҳам мекунанд.
XS
SM
MD
LG